Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳамватанони азиз!

Оила дар ҳама давру замон муқаддас ва рукни ибтидоиву асосии давлат ҳисобида мешавад. Аз ин рў, барпо намудани оилаҳои комилу мустаҳкам вазифаи аҳли ҷомеа ва волидайн мебошад.
Давлате, ки аз оилаҳои тифоқ, мустаҳкам ва комил иборат аст, пурзуртарин давлат ҳисоб шуда, дар он ҳеҷ гоҳ ҷанги шаҳрвандӣ сар намезанад ва ягон давлати дунё бар он ғолиб намеояд. Таърих инро дар таҷрибаи давлатҳои дунё на як бору ду бор собит намудааст.
Мо хуб медонем, ки ягон давлат, ягон ҷомеа, то даме, ки дар он ваҳдати миллат таъмин набошад, пеш рафта наметавонад. Вобаста ба ин мехоҳам гўям, ки оилаҳои солим, тарбияи ҳисси поки боэҳтиромона ба падару модар, хешу ақрабо, дастгирии бечорагону корафтодагон ҳамон пайвандест, ки метавонад як оиларо ба оилаи дигар ва умуман тамоми халқи кишварро муттаҳид созад.
Дар ин давра, ки мо, тоҷикон, баъд аз ҳазорсолаҳо дорои давлати миллии хеш гардидем, ваҳдати миллӣ, ватандўстӣ, ифтихор ва худшиносии миллӣ шарти аввалини сарбаландӣ ва калиди ҳамаи муваффақиятҳои мост. Инро ҳеҷ гоҳ фаромўш набояд кард.
Ба ҳеҷ кас пўшида нест, ки ҳаёти ҳаррўзаи занони мамлакати мо ҳанўз душвориҳои зиёд дорад ва он беҳбудии куллиро талаб мекунад. Мо мефаҳмем, ки занони кишвари мо низ ба мисли занони давлатҳои мутараққии ҷаҳон ба зиндагии хубтаре ҳақ доранд ва ман итминони комил дорам, ки ин орзуҳо зина ба зина амалӣ хоҳанд гардид.

пешина
аз 127
навбатӣ