Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ватани азизи мо, Тоҷикистон, дар тўли даҳ соли истиқлолияти хеш пастию баландиҳои зиёдеро пушти сар намуд. Имрўз бо арзи сипос бояд гўем, ки дар ҳамаи иқдомот ва дастовардҳои таърихӣ хизмати модарон ва хоҳаронамон, ки ақлу заковаташон таҷассуми маънавиёти гаронбаҳои халқи кўҳанбунёди мо мебошад, басо бузург аст.
Дар айёми ҷанги гражданӣ ва чанд соли минбаъдаи бори гарони зиндагӣ дар ҳар як оила, пеш аз ҳама бар дўши зан – модар буд, ки ин худ як қаҳрамонии беназир аст.
Бузургтарин ҳадафе, ки имрўз дар назди мо қарор дорад, сохтмони ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ мебошад. Вобаста ба ин, мо бояд амиқ дарк намоем, ки бе ширкати фаъолонаи занон расидан ба ин ҳадафи бузург мушкил аст.
Зеро ба ўҳдаи зан – модар, ки меҳвари асосии ҳар хонадон аст, аз рўзи азал вазифаи муқаддас ва басо масъулиятнок – тарбияи инсони нав ва дар ниҳоди вай ҷойгир намудани ахлоқи ҳамида, шафқат ва муҳаббат, эҳсоси ватанпарварию миллатдўстӣ, қудрати созандагию офаридагорӣ гузошта шудааст.
Ғамхорӣ, дар ҳаққи занон ва ҳар чӣ бештар ҷалб намудани онҳо ба корҳои ҷомеа ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати ҷумҳурӣ аст.
Баъд аз қабули «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998–2005»
шумораи зиёди занҳои бомаърифат ва кордон ба корҳои роҳбарии зинаҳои гуногун таъин карда шуданд.
Аксари онҳо вазифаи худро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ғайрату кордонӣ иҷро менамоянд.

пешина
аз 127
навбатӣ