Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

БА МУНОСИБАТИ

РЎЗИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ЗАНОН

(7 марти соли 2001)
Модарону хоҳарони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати Рўзи байналхалқии занон аз самими қалб табрик ва муборакбод гуфта, орзу менамоям, ки ҳамеша рўзгоратон ободу дилатон шод бошад.
Иди байналхалқии занон аз фаро расидани фасли баҳор – арўси сол ва эҳёи табиат мужда мерасонад. Дар ин падида як рамзи амиқе ҳаст, ки он ба сиришти неку созанда ва ниҳоди поки модарон алоқаманд аст. Аз ин рў, мо ҳамеша ин рўзи фараҳбахшро бо дилу эҳсоси гарм истиқбол мегирем.
Таҷлили имсолаи иди шумо, модарон ва хоҳарони азиз, ҳусну тароват ва мазмуни хоса дорад. Дар қарну ҳазораи нав он бори нахустин ҷашн гирифта мешавад.
Ҳамчунин имсол мо 10 солагии истиқлолияти давлати тоҷиконро бо нақшаву орзуҳои хайр, рўҳи созандагию бунёдкорӣ, ободгардонии кишвар, дастовардҳои тоза ва дилу нияти нек истиқбол хоҳем кард.
Муҳимтар аз ҳама, мо имрўз бо қаноатмандии бузург гуфта метавонем, ки бо фаро расидани сулҳу амонӣ дар сарзамини ҳамешабаҳори мо якдилию ҳамдигарфаҳмӣ ва дўстию ваҳдат сол аз сол густариш ва таҳким меёбад. Ин боиси шодмонӣ ва шукргузории тамоми халқ, дар навбати аввал модарони мушфиқ аст.
Зеро зан – модар, ки офарандаи наслҳост, бо тамоми вуҷуди худ муқобили ҷанг ва харобкорӣ мебошад.
Алалхусус занони тоҷик, ки бо тамоми вуҷуди поки хеш оташи сўзанда ва дарди ҷонкоҳи ҷангро эҳсос намуданд, на фақат дар Тоҷикистон, балки дар саросари ҷаҳон ҳамеша тарафдорони пойдории сулҳ мебошанд.
Занон зиёда аз нисфи аҳолии мамлакати моро ташкил медиҳанд. Ин қувваи бузург аст ва мо бо дилпурӣ гуфта метавонем, ки онҳо дар ҳамаи ришатҳои зиндагӣ пешсаф ҳастанд ва дар ҳалли вазифаҳои муҳими ҷомеа саҳми арзанда мегиранд.

пешина
аз 127
навбатӣ