ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Мо имрўз номи даҳҳо ва садҳо занони соҳибистеъдодро ба забон гирифта метавонем, ки бо фаъолияти муҳими сиёсӣ, давлатӣ ва эҷодӣ машғуланд.
Як зумраи онҳо ҳатто берун аз кишвар маълуму машҳуранд.
Бонуҳои иззатманди кишварамон таҷассуми хираду маърифат, одобу ахлоқи ҳамида ва ободии рўзгору пешрафти ҳаёти ҷомеа мебошанд.
Ҳозирини мўҳтарам!
Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки барои таъмини рушди мамлакатамон ва дар қатори кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҷой гирифтани давлати тоҷикон ҷомеаи мо бояд ба сатҳи баланди маърифат муваффақ шавад ва аз комёбиҳои навтарини илму техника истифода намояд.
Мо бояд чунин мутахассисони соҳаҳои гуногунро, аз ҷумла аз миёни занону духтарон тарбия намоем, ки дониш ва маҳорати онҳо ба талаботи имрўзаи ҷаҳонӣ ҷавобгў бошад. Барои ин инкишофи ҳаматарафаи соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим дар мактабҳои миёна ва донишкадаҳои олӣ, робитаи мустаҳками илм ва истеҳсолот, ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт зарур аст.
Умуман, дар ҷомеаи мо бояд як таҳаввулоти фикрие ба амал ояд, ки ба пешрафти илму фарҳанг ва пайдо шудани чеҳраҳои нави арзанда, аз ҷумла аз миёни занон, дар соҳаҳои гуногун такони ҷиддӣ бахшида тавонад.
Боварии комил дорам, ки дар ниҳоди ҷомеаи мо чунин нерўи бузург аз ибтидо мавҷуд аст.
Халқи тоҷик дар тўли таърихи худ бисёр нобиғаҳоро ба воя расонидааст, ки ифтихори тамоми инсоният мебошанд. Мо умед дорем, ки модарони тоҷик дар қарну ҳазораи нав низ чунин шахсиятҳоеро ба дунё оварда, ба воя мерасонанд, ки ба мисли Исмоили Сомонӣ, Рўдакӣ, Абўалӣ ибни Сино, Фирдавсӣ, Хайём, Темурмалик, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар фарзандони родмарди тоҷик номбардори миллати кўҳанбунёди хеш гардида, дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бузург мегузоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё