ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Аз ин рў, рисолати волидайн дар рушди миллат ва пешрафти давлат бағоят бузург аст.
Модарон ва хоҳарони меҳрубон!
Баъд аз андешаҳои бисёр ба хулосае омадам, ки як масъаларо бо шумо матраҳ созам ва умедворам, ки аҳли ҷомеа, хосатан шумо онро амиқан дарк мекунед.
Иди занон, ки як замон онро байналмилалӣ эълон карда буданд, собиқаи ҳамагӣ садсола дорад. Вале имрўз мо бояд донем, ки аҷдоди пуршарафи тоҷикон – мардони ориёӣ ҳанўз се ҳазор сол пеш барои ба ҷо овардани эҳтироми занону модарони худ ҷашни хосае доштаанд. Чунон ки аз гуфтаҳои донишманди бузург Абўрайҳони Берунӣ бармеояд, иди занон дар сарзамини аҷдоди мо дар моҳи сеюми зимистон, ки онро исфанд мегуфтанд ва ин моҳ имрўз низ дар тақвими баъзе халқҳои ориёӣ вуҷуд дошта, ба охири моҳи феврал ва аввали март мутобиқат дорад, ҷашн гирифта мешуд. Яъне тақрибан мутобиқ ба ҳамин рўзҳое, ки алҳол мо ҷашн мегирем.
Берунӣ менависад: «Исфандормаз фариштаи ваколатдор бар Замин аст ва низ ба занҳои дурусткору хайрхоҳ ваколатдор аст. Ва дар замони гузашта ин моҳ ба василаи ин рўз иди занон будааст. Ва ин расм ҳанўз дар Исфаҳону Рай ва дигар кишварҳои Паҳла боқӣ мондааст. Ва онро ба форсӣ «муждагирон» мегўянд».
Маълум мешавад, ки ин таомул аз замонҳои хеле қадим тақрибан то асри дувоздаҳ боқӣ будааст. Ҳатто дар Рими қадим, ки дар он ҷо ҷашни занон вуҷуд доштааст, баъзе олимон тахмин кардаанд, ки ин расм ба он кишвар аз ватани ориёиҳо рафтааст.
Пас имрўз – дар замони истиқлолияти давлатамон моро лозим аст, ки ҷашни миллии аз хотирҳо рафтаи худ
– иди модаронро бо асолати азалиаш эҳё кунем, арвоҳи гузаштагони пуршарафи худро бори дигар шод гардонем ва бо ифтихор собит намоем, ки миллати мо ҳамчун мардуми соҳибтамаддун аз азал эҳтироми занмодарро пос медорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё