КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Пешгири ва чораҳои муборизабарӣ.
Риояи ҷиддии қоидаҳои санитарию-гигиении нигоҳдорӣ ва эмгузаронии саривақтии парандаҳо бо ваксинаи инактиватсияшуда аз руи дастурамал, дар сини 14-20 ҳафтагиашон ва куштани парандагони ба касалӣ натиҷаи мусбӣ дода гузаронида мешавад.
Стафилакоккози парандаҳо
(Микрококкоз)
(Staphylococcus avium)
Касалии ҳамаи намуди парандаҳо буда аз тарафи стафилаккокҳои касалиовар ба вуҷуд омада, ба намуди таафунӣ, илтиҳоби буғумҳо, дерматити везикулярӣ, синовит ва илтиҳоби клоака мегузарад.
Этиология.
Касалиро асосан бактерияҳои касалиовари Staphylococcus pyogenes (aureus), инчунин St. Epidermidis ва дигар намуду зернамудҳои хосияти касалиоварӣ доштаи онҳо ба вуҷуд меоранд.
Барангезанда.
Барангезандаи касал ба ҷинси Staphylococcus оилаи micrococcaceae таълуқ дошта шакли пуфакмонанд доранд.
Диаметри вирусҳо 0,5-0,8х1,0-1,5 мкм-ро ташкил дода ба шакли туда-туда бетартиб ҷой гирифта, грамм мусбӣ (дар култураҳои куҳна-грамм манфи) мебошанд. Онҳо қамчинак надоранд, бе спора буда баъзе штамҳояшон ғилофа (капсула) ҳосил мекунанд. Стафилаккокҳо анаеробҳои факултативи буда пигментҳои тилоранг, сафед, зарди лимонранг, зарди пасти гулобӣ ва дигар пигментҳро ҳосил мекунанд. Онҳо зиёда аз 25 сафедаҳои заҳрҳо, ва ферментҳои касалиоварро ҳосил мекунанд.
Заҳрҳои (токсинҳои) стафилаккокҳо ҷудо намуда эритроситҳо, лейкоситҳо ва фибринро ҳал (вайрон) намуда, некрози пуст ва ҳангоми ба хун афтодан заҳролудшавии марговарро ба вуҷуд меоранд.
Заҳрҳои стафилаккокҳо ҳангоми соатҳо ҷушонидан вайрон намешавад. Устуворнокии барнгезандаҳо нисбат ба хушккунӣ, яхкунӣ, таъсири нурҳои ултрабунафш, инчунин маводҳои кимиёвӣ (устувор ба гуруҳи сеюми маводҳои дезинфексиони) баланд мебошад. Онҳо дар ҳолати хушккунонӣ то 6 моҳ, дар чанги биноҳо аз 50 то 100 рўз, яхкунонӣ ва обкунонии такрорӣ онҳоро намекушад, дар зери таъсири нурҳои рости офтоб таи якчанд руз зинда мемонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё