Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Парандапарварҳо барои қабули гурўҳи мурғобичаҳои нав хуб тайёри мебинанд. Фарш дар мурғхона бо оҳаки хока аз ҳисоби 0,2 кг ба 1м2 пошида мешавад.
Дар ҳолати пайдоиши ҳематити вируси дар хоҷагӣ карантин мегузоранд. Баровардани тухмии инкубатсиони ба дигар хоҷагиҳо, мурғобичаҳо ва мурғобии болиғ манъ аст. Парандаҳои болиғ ва ҷуҷаҳои мурғоби моякубӣ карда мешавад. Карантин аз хоҷагӣ баъди 30 рўзи барҳам додани парандаҳои касал ва гузаронидани безараргардонии анҷомии ҳамаи минтақаҳои технологии хоҷагӣ гирифта мешавад.
Синдроми пастшавии тухмдиҳи-76 Синдромҳои пастшавии тухмдиҳи (СПТ-76), Syndroma deminutionis productions ovorum - касалии вирусии мурғҳо буда, бо пастравии тухмдиҳи, дигаргуншавии шакли тухм, сифат (тухми бе скарлупа, ё тухми бо скарлупаи кам калсий дошта), бо пигментатсияи скарлупа, пастшавии сифати сафедаи тухм мегузарад. Ду гўруҳи касалии бадшавии сифати сафедаи тухм, ки пастравии тухмдиҳиро пеш меорад вуҷуд дорад:

  1. касале, ки ба парандаҳои зоти гўштӣ таъсир мерасонад аз тарафи аденовирусҳои ғайри аглютинӣ ба вуҷуд оварда мешавад.
  2. касалие, ки аз тарафи вирусҳои аглютини (СПТ-76) ба вуҷуд меояд ва ба хоҷагиҳои парандапарвари зарари калони иқтисодиро пеш меорад.
    Этиология.
    Барангезандаи касал аденовирусҳои ДНК-дор, серотипҳои гуногуни ҷинси Adenovirus оилаи Adenoviridae мебошанд.
    Диаметри вирионашон 70-80 нм-ро ташкил медиҳад.
    Аденовирусҳои парандаҳо аз антигенҳои сафедаҳои махсус дошта иборат буда аз аденовирусҳои ширхурҳо фарқ мекунад. Хайлаи (штамми) вирус дар бисёр мамлакатҳо бо антигени хешованди доштааш ҷудо карда шудааст. Ба барангезанда бештар аз отряди мурғҳо, мурғҳои тухмдеҳи ҳама намуди зот, бештар мурғҳои зоти барои гушт истеҳсолшаванда дар давраи тухмдиҳи (во время пика яйцаклетка), (26-35ҳафта) ҳассос мебошанд.
    Барангезандаҳо ба таъсири эфир ва хлороформ, ки дараҷаи сироятнокии онҳоро аз байн бурда наметавонанд муқобилиятнок мебошанд. Муқобилиятнокии онҳо ба ҳарорат ҳангоми мавҷудияти ионҳои диваленти паст мегардад. Ҳангоми гармкуни то 650С вируси СПТ-76 дар давоми 30 дақиқа аз фаъолият бозмемонад.
    Муқобилиятнокӣ бо дигаргуншавии муҳити ҳадрогении (РН) мавод: дар маводи бо РН 3,0 дараҷаи сироятнокӣ нисбат ба ҳолати муътадил паст меравад, ҳангоми РН 10,0- дараҷаи сироятнокӣ тағйир намеёбад.
пешина
аз 95
навбатӣ