КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Ҳепатити вирусии мурғобиҳо Ҳепатити вирусии мурғобиҳо (Hepatitis Viralis snticulurum)- касалии шадид гузаранда бо пайдоиши бемадории умуми ва зуд мурдани мурғобиҳо дар рўзҳои аввали ҳаёташон мебошад.
Маълумотномаи Расми 21 таърихӣ.
Ҳепатити вирусии мурғобиҳоро аввалин маротиба дар ИМА Левин ва Фабрикант (1949) ба қайд гирифтанд.
Касалӣ бо маргварии парандаҳо то 70-80% мегузарад.
Дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ аввалин маротиба алангаи гепатити вирусии мурғобиҳоро М.Т. Прокофев ва И.Н. Доришко (дар соли 1960) ба қайд гирифтаанд.
Барангезанда.
Вируси АРН- дор, ки ба зоти Enterovirus оилаи пикорновирус хосияти ҳемаглютинатсяшави надорад таълуқ дорад. Вирус ба осони дар ҷанини мурғҳо, мурғобиҳо, қозҳо ва дар кишти аввали ҷанинҳо кишта мешавад.
Устуворӣ.
Вирус ба эфир, хлороформ трипсин ва РН 30 устувор аст. Дар муҳити беруна дар вақти табобат 25 рўз нигоҳ дошта шуда, тирамоҳ 60, зимистон 105, дар обамборҳо то
74 рўз нигоҳ дошта мешавад. Маҳлули фармалдегид (1%) ишқори натрӣ (4%), йоди якхлордор (5%) барангезандаро дар 3-6 соат бетаъсир мегардонад.
Безараргардонии фоидаоварӣ аэрозоли бо 40%-а маҳлули формалдегид дар таносуби 15 мл ба 1м3 бино бо фосилаи 12 соат гузаронида мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё