КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Ташхиси тафриқавӣ.
Салмонеллёз, пастереллёз, илтиҳоби сироятии бодии шошадон (аэроцистит) ва ҳепатити вирусиро истисно кардан зарур аст.
Табобат.
Дар озмоишҳои худ И.К.Каравей (1960) аз доруҳои йоддор, ки ҳангоми бо оби нушокӣ ва якбора ба хурок ҳамроҳ кардани биовитин дар давраи аввали касал ба солимшавии мурғоби оварда мерасонад васеъ истифода бурдааст. Йодро дар маҳлули 1:10000 ҳамарўза якмаротиба ба муддати 5-рўз ҳамроҳ карда биовитин бо 15м2 ба 1 мурғоби 2 маротба дар 1-рўз ба муддати 5-рўз дода мешавад. Табобат баъди 3 рўз такрор карда мешавад.
Барои табобати пешгирикунандаи ин касал (химпрофилактика), ба хурокӣ мурғобиҳои сини 3-6 ҳафтаина биомитсин дар меъёри 10-15 мг ба як сар ҳамроҳ карда мешавад.
Ҳасонат.
Баъди касал шудан мурғобиҳо ҳасонати нопок пайдо мекунанд. Дар мурғобиҳои бо вируси зинда моякуби кардашуда то 4-моҳ подтанҳои зардоби пайдо мешаванд.
Гузариши транссовариалии подтанҳо ба муддати 12- моҳ баъди моякубӣ кардан, ба вируси сустгардонидашудаи зинда исбот карда шудааст.
Пешгири ва чораҳои муборизабарӣ.
Баровардани тухмҳои инкубатсиони аз хоҷагии ба ин касал ноустувор иҷозат дода намешавад.
Ҳатман мурғобичаҳо дар биноҳои хушки боду ҳавояш тоза, дар густариши нарми ивазнашаванда нигоҳ дошта мешаванд.
Дар вақти зимистон дар обанборҳо, атрофи ҳавзҳо коҳи хушкро мегузоранд. Дар давраҳои гармии сол дар ҳарорати ҳаво на кам аз 15-200С мурғобиҳои 7-10 рўзаро барои сайругашти хушк мебароранд. Барои сайругашти оби чуҷаҳои 15-20 рўза дар ҳолати ҳарорати об на паст аз 150С бошад бароварда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё