КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Вирусҷудокунӣ 16-
24 моҳ ва ҳатто як умр давом мекунад. Дар гуруҳи парандаҳои сариран касал дар 88,7% ҳолат вирусро пайдо кардан имкон дорад. Касалии Марекро ба таври таҷрибавӣ дар ҳама ҳолатҳои ворид кардани вирус ба организми парандаҳо ба амал меоранд. Дар шароити табии вирус бо роҳи нафаскашӣ ва хурокҳазмкунӣ фоликулаҳои торҳои пуст ба организми парандаҳо ворид мегардад.
Аз ҳама хавфнок дар паҳншавии вирус ин эпителияи фоликулаҳои парҳои пуст мебошад. Дар хоҷагиҳои ноустувор он дар 30-95% парандаҳои бройлери барои гўшт кушташуда пайдо карда мешавад. Ҳар як 0,015м3 ҳавои бино, ки дар онҷо парандаҳои касал нигоҳ дошта мешаванд, миқдори кофии вирус барои сирояткунӣ 10 чўҷаро дорад. Манбаи вирус метавонад ҳашаротҳо, канаҳо, кундузҳо бошанд. Вирусро аз пучоқи тухм пайдо кардан мумкин аст.
Имкони гузаштани вирус ба маҳлули дохили тухм номаълум боқӣ мемонад. Марговарӣ аз 3-80% то ба 40- 85% мерасад.
Тавлиди касал.
Баъди ворид шудан, вирус бо лейкотситҳои хун ҷазб шуда, тавассути хун ба организм паҳн гашта дар бофтаҳои узвҳои линфавӣ сукунат мекунад. Барқароршавии он афзоиши ҳуҷайраҳои линфавӣ ва дар оянда иртишоҳи асабҳои паҳлуи, мағзи сар, чашмҳо, мушакҳо, узвҳои даруниро ба амал меорад. Дар ҳолати афзоиши вазнин равишҳои иртишоҳи метавонанд парандаро ба марг дучор орад, ва дар ҳолати суст будан ў метавонад сиҳат шавад.
Вирусро дар узвҳои сироятёфта пайдо мекунанд. Вирус пайдоиши подтанҳои вирусбартарафкунанда ва таҳшиншавандаро ба ангезиш меорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё