Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Вируси касалии Марекро дар ҷанини мурғҳо, киштаи ҳуҷайрагии фибробластҳо ва гурдаҳои ҷанини мурғобиҳо кишт мекунанд.
Барангезанда метавонад дар алоқаи зич бо ҳолати ҳуҷайра ва озод аз бахши касабагӣ (клеточный) бошад.
Вирус барои мурғҳо, мурғи марҷон, бедонаи ҷанинӣ касалиовар мебошад. Кишти баланди касалиовар нисбатан ҷараёни шадиди касалро ба амал оварада бардавом мегузарад. Касалиоварии он бисёр гуногун мебошад (Биге 1969).

Устуворнокӣ.
Вирус дар муҳити беруна дар ҳарорати 18-200С мемирад. Дар эпителияҳои кандашуда фоликулаҳои аввал, вирус сохти касалиовариашро дар муҳити беруна то 8-моҳ гум намекунад.

Нишонаҳои эпизоотологӣ.
Дар шароити табии ба касалии Марек бештар мурғҳо ҳассосанд. Расонаҳое вуҷуд доарнд, ки дар бораи ҳассосии мурғҳои марҷон, бедонаҳо, титавҳо (фазан), мурғобиҳо, лаклакҳо ва кабкҳо хабар медиҳанд (Бегис 1967).
Ин намуди парандаҳо ҳамчун манбаи барангезанда дорои аҳамияти эпизоотологии муайян мебошанд. Ба касалӣ бештар чуҷаҳо дар 2 ҳафтаи аввали ҳаёташон ҳассос мебошанд, ки метавонанд то 85% касал шаванд.
Сироятёбии тамоми саршумор дар сини 8-20 ҳафтагиашон ба амал меояд.
Гарчанде, ки касалии Марек касали баландсирояткунанда бошад ҳам, касалӣ ва равишҳои амрозии маълум, бештар аз сину сол, ҷинс, устувории насли зотҳои маълуми парандаҳо, ҳолатҳои ҳасонати ноустувори касалиоварӣ, меъёри вирус ва услуби сироятёбӣ вобастаги дорад.
Парандаҳои касал манбаи барангезандаи сироят буда вирусро ба муҳити беруна баъди 7-21 рўзи сироятёбӣ ҷудо мекунанд. Тағйиротҳои микроскопи дар узвҳои даруни танҳо баъди 4-5 ҳафта ба амал меояд.

пешина
аз 95
навбатӣ