Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Касалии Марека Касалии марек- (Morbus marek) касалии вирусии отряди мурғҳо буда хосса ба равишҳои неопластикӣ дар узвҳои лаҳм ва газаки силсилаи асабҳои паҳлуи мебошад (расми 11).

Маълумотномаи
Расми 11 таърихӣ.
Аввалин маротиба касалиро таҳқиқотгари Венгрия Марек (1907) бо номи полиневрит навиштааст. Дар солҳои оянда онро дар мамлакатҳои гуногун бо номҳои дигар (нейролимфатоз, фалаҷи парандаҳо, неврит, нейрогрануломатози сироятӣ ва дигарҳо) номбари мекарданд. Ба ғайр аз фалаҷҳо дар парандаҳо омосҳои линфоидӣ дар узвҳои даруни бештар дар тухмдон пайдо мекарданд ва ба ҳамин нишонаҳо касалро лимфаматози виссералӣ ном мебурдани шуданд (Паппенгеймер ва дигарон 1926). Дар соли 1960 пешниҳод шуд, ки ин касал ба муносибати аввалин кушояндаи ин касал Марек «Марека» ном гузошта шавад.
Дар собиқ Иттифоқи Шуравӣ касалии Марек дар соли 1930 муқарар карда шуда буд. Ин касалро Л.М.
Крапивнер, И.И. Косяненко, В.П. Иванов, Р.Н. Коровин ва дигарон омўхтаанд.

Барангезанда.
Вируси АРН-дор, Herpesvirus galli-2 аз зотти Herpesvirus оилаи Herpeviriadae B мебошад. Андозаи варионашон 150-250 нм-ро ташкл медиҳад.
Барангезанда 6 позотҳои гуногун дорад, ки асоси онҳо бо ҳарфҳои А, В, С ишора карда мешаванд.
Мавҷудияти позоти умуми дар ҳама киштаҳои касалиовар хешовандии имунологии барангезандаро таъин мекунад.

пешина
аз 95
навбатӣ