Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Ҷараён ва нишонаҳои касал.
Давраи номаълум гузаштани касал зиёда 13-150 рўзро дар бар мегирад. Чи қадаре, ки потенциали генетикии зот баланд ва паранда ҷавон бошад ҳамон қадар майл ба касалии Марек зиёд аст ва даври номаълум гузаштани касал кутоҳ мегардад. Муддатҳои дароз ҷудо кардан ва 3 шакли саририи касал муайян карда шудааст:
а) Невралӣ бо касалоти сироятёбии силсилаи асабҳои паҳлуи; б) Окуляри (чашми) бо тағйиротӣ ранги пардаи луобӣ ва равзани (просвет) гавҳараки чашм; в) Дохили узвӣ, хосса бо пайдоиши омосҳо дар узвҳои лаҳм мебошад. Дар давраи ҳозира синфбандии махсус қабул карда шудааст, ки шакли шадид ва классикии касалӣ Марекро ҷудо мекунанд (И.И. Кесянско, В.П.
Иванов 1969).
Шакли класикии касал суст мегузарад. Бештар бо нишонаҳои асабӣ, баъзан касалоти чашм, равишҳои дохили узвӣ ва омехта мегузарад. Дар натиҷаи сироятёбии силсилаи паҳлуии асаб, лангидан пайдо шуда, овезон шудани қанотҳо ва дум, тоб хурдани гардан мушоҳида мешавад.
Дар парандаҳои алоҳида нимфалаҷии гузаранда ба қайд гирифта мешавад, ки бо сиҳат шудан анҷом меёбад.
Ба ин шакли касалӣ ҳамчунин тағйироти ранги пардаи инабия (иридасиклит) бо қисман ё тамоман нобуд шудани биноиш дохил мешавад. Сурохии равзании гавҳараки чашм тағйир ёфта хурд, спиралшакл, нокмонанд мегардад, ки дар ин ҳолат аксуламал ба рушнои гум мешавад. Аслан паранда баъди 1-16 моҳи пайдоиши нишонаҳои аввали касал мемирад.
Марговарӣ дар парандаҳо дар ин шакли касал аз 1 то 30% мерасад. Барои шакли шадиди касалӣ Марек нишонаҳои сарирӣ хосса мебошанд, ки сафедхунӣ парандаҳоро ба ёд меорад. Барои ҳамин ин шакли касалии Марекро дуруст мешуд, ки шакли сафедхунӣ монанд бо пайдоиши омосҳои неопластики номбар мекарданд.

пешина
аз 95
навбатӣ