КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Алангаи аввалини касал дар ҳолати гузариши барангезанда бо парандаҳои бактерияҷудокунанда, тухмҳои чўҷахобонӣ, бо хўроки хушки аз маҳсулоти орди гўшту устухон тайёр кардашуда ба амал меояд. Ҳангоми бо воситаи нақлиёт гузаштани барангезанда, марги ҷанинҳоро дар марҳалаҳои гуногуни афзоиши ҷанинӣ, асосан пеш аз баромадан ба амал оварда баъзан ҳолатҳо то 85-90% нобудшавии ҷанинҳо мушоҳида мегардад.
Алангаи такрории салмонеллёз дар хоҷагӣ дар ҳолати суст шудани муқобилиятнокии организми ҷавонаҳо ва вайрон кардани қоидаҳои технологияи парвариши (обанбори умумӣ барои парандаҳои синну соли гуногун, якҷоя нигоҳ доштани онҳо дар вақти сайругашт, риоя накардани чорабиниҳои байторию беҳдорӣ) парандаҳо мушоҳида мешавад.
Муқобилиятнокии ҷавонаҳо дар ҳолати сироятёбӣ бо ҳелминтҳо ва дар ҳолати ҳипо ва авитаминозҳо суст мешавад. Дар байни чўҷаҳои мурғобӣ мумкин аст, ки алангаи касал ҳангоми барвақт баровардани онҳо ба обанборҳои ҳарорати обаш аз 150С паст ба амал ояд.
Вобаста аз шароити нигоҳдорӣ, муқобилиятнокии ҷавонаҳо ва касалиоварии барангезанда метавонад ҳолатҳои алоҳидаи касал ва алангаи зиёд бо дарбар гирифтани 40-50% саршумори паранда ба вуҷуд ояд.
Марги ҷавонаҳо метавонад то 5-80% -ро ташкил диҳанд.
Тавлиди касал.
Салмонеллёз ҳамон тавре, ки дар ҳолати пуллороз гуфта шудааст, мегузарад.
Ҷараён ва нишонаҳои касал.
Давраи номаълум гузаштани касал аз 12 соат то 7 шабонарўз тул мекашад. Дар чўҷаҳои мурғобӣ ва қозҳо дар синни 45 рўзаги ва дар парандаҳои болиғ касал бенишона мегузарад. Чўҷаҳои қозҳо ва мурғобиҳо бештар дар ҳафтаи аввали ҳаёташон касал мешаванд. Касал дар онҳо ба таври шадид мегузарад ва хосса ба манъ шудани иштиҳо, бемадорӣ, камҳаракатӣ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё