КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Салмонеллёз
Салмонеллёз
(Salmonellosis avium)- касалии бисёр намуди парандаҳои хоҷагии қишлоқ ва ваҳшӣ буда дар шакли тааффунӣ ва дарунравӣ дар байни ҷавонаҳо ва бо таври ниҳонӣ, бактерияҷудокунӣ дар байни Расми 5 парандаҳои болиғ мегузарад (расми 5).
Маълумотномаи таърихӣ.
Аввалин маротиба салмонеллёзи кафтарҳо S. typhinmrium аз ҷониби Леффлер (1882) кашф карда шудааст. Дар оянда имкони аз бисёр намуди парандаҳо пайдо кардани сальмонеллаҳо ба даст оварда шуд. Дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ин касалро олимон А.В. Прохоров, В.М.
Садовский, И.С. Загасвий, М.П. Прокофьева, А.Г.
Малявин ва ғайраҳо омўхтаанд.
Барангезанда.
Дар 90% ҳолатҳои касалӣ S. typhinmrium дар дигар мавридҳо, дигар намуди зоти салмонеллаҳо мебошанд.
Хосиятҳои касалиоварӣ, биокимиёвӣ, позотӣ ва устувории сальмонеллаҳо дар қисми “Пуллороз” оварда шудааст.
Нишондодҳои эпизоотологӣ.
Ба касалии салмонеллёз бисёр намуди парандаҳои хоҷагии қишлоқ ва ваҳшӣ гирифтор мешаванд. Алангаи эпизоотологии касал дар парандаҳои обгард (мурғобиҳоқозҳо) ва кафтарҳои хонагӣ ба амал меояд. Ба касалӣ бештар ҷавонаҳо аз 1 то 20 рўзагиашон ҳассосанд.
Манбаи барангезандаи сироят парандаҳои касал ва бактерияҷудокунандаҳо мебошанд, ки барангезандаи сироятро ба воситаи ахлот ва тухм ҷудо мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё