КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Табобат.
Барои роҳ надодан ба паҳншавии барангезанда парандаи касал кушта шуда, парандаҳои боқимондаи шартан солим бо доруҳо табобат карда мешаванд.
Табобати хосса барои пуллороз вуҷуд надорад, аммо ба мақсади табобат доруҳои муқобили микроби (сульфаниламидҳо. қатори нитрафурани, дигар антибиотикҳо) истифода бурда мешаванд. Маводҳои доругии биомитсин, дибиомитсин, биовит, витабиомитсин, тетрамитсин, полимиксин-М, фурозолидон, фурогин ва ғайраҳо истифода бурда мешавад.
Сульфадемизинро дар хӯрока (0,05- 0,1 %) ҳамроҳ карда ба мўҳлати 14 рўз медиҳанд, сипас онро 2-3 рўз аз вояи хўрока мегиранд, баъдан боз такрор мекунанд, аммо 0,1-0,2 % сульфадемизинро бо оби нўшокӣ додан зарур мебошад.
Терромитсинро барои гузаронидан ба чўҷаҳо дар меъёри 2-4г ба 1 кг хўрока ба муддати 10 рўз медиҳанд, ба мўҳлати 3-5 рўз танаффус карда боз табобатро давом медиҳанд.
Бештар фоидаоварии он бо якҷоя истифода бурдани окситетратсиклин дар меъёри 100г. ва неомитсин 500г. ба
1 тонна хўрока ба муддати 10 рўз, бо танаффуси 3-5 рўз ва боз такрор кардани табобат ба даст оварда мешавад. Ин дорувориҳо барои парандаҳои болиғ ва ҷавонаҳо фоидаовар мебошанд.
Дар парандапарварии саноатӣ бо таври васеъ фуразолидон (0,04- 0,06%) ба хўрока ба муддати 15 рўз бо танаффуси 3-5 рўз ва табобати такрорӣ истифода бурда мешавад. Истифода бурдани доруҳои камзаҳрдор, доруҳои нитрофурани- фуридин дар меъёри 200г ба 1 кг вазни мурғ ба муддати 10 рўз (бо хўрок ҳамроҳ карда) (Ф.С.Зимонин, 1975) ва ҳамчунин полимиксин- М дар меъёри 100мг ба 1000 чўҷа ба хўрока дода мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё