Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Ташхис.
Дар ҳолати гузоштани ташхис нишондодҳои эпизоотологӣ (доими будани манбаи эпизоотологӣ, ҳассосии синну сол), нишонаҳои хоссаи сарирӣ ва тағйиротҳои ташреҳию амрозӣ ба назар гирифта мешаванд.
Ташхиси охирон бо роҳи таҳқиқоти бактериологии ҷасадҳои тозаи 5-10 рўзаи чўҷаҳо гузошта мешавад.
Кишти ҷудокардашудаи салмонелла бо аксуламали ширешшавӣ (РА) бо зардоби хоссаи типпӣ ҳаммонанд карда мешавад.
Ташхис дар ҳолати зинда будан, ба пуллороз дар мурғҳои болиғи тухмгузор бо аксуламали шаклтағйирдодани ширешшавӣ гузаронида мешавад.
Барои ташхиси пуллороз дар собиқ Иттиҳоди Шўрав позотҳои ранга ва эритроситарӣ бароварда мешуд.
Позоти ранга барои ташхиси пуллорози парандаҳо дар аксуламали ширешшавии хунчакрагӣ (кровокапсалный - ККРА) дар болои шиша гузошта мешавад.
Парандаҳоро бо аксуламали ККРНГА дар синни 50-
55 рўзагиашон ва такроран дар синни 7 моҳагиашон тафтиш мегузаронанд. Дар ҳолати ноустувории хоҷагӣ ба пуллороз тафтиши ояндаро дар вақташ такрор мекунанд, ки дар дастурамалҳо навишта шудааст. Бояд дар хотир дошт, ки аксуламалҳои зиёди ғайриҳақиқӣ, дар ҳолати дохил кардани сафедаи зиёд ба меъёри хўрокаи парандаҳо ва инчунин орди моҳӣ, антибиотикҳо ва дигар доруҳои табобатӣ пайдо мешаванд. Шумораи мурғҳои ҳассос дар гурўҳи мурғҳои ноустувор яку якбора бо зиёд гаштани тухмгузорӣ зиёд мегардад.

Тафриқаи ташхис.
Ҳатман тафриқа кардан аз касалиҳои коксидиоз,
колибактериоз, аспергиллёз, заҳролудшавӣ, ҳиповитаминоз зарур аст.

пешина
аз 95
навбатӣ