Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз хонумон баромадем ва номи хеш зишт гардонидем ва ҳалок аз мову зану фарзандони мо бароваранд. Акнун пушаймонӣ суд надорад. Акнун чора он донам, ки ҳарчанд зудтар ба лашкаргоҳи Хуршедшоҳ равем, ки агар аз мардумони қалъа моро биёбанд, ба ҷон зинҳор надиҳанд. — Ин бигуфту ғамнок ва дилтанг шуданд, аз ду ҷониб: яке он ки зар надошт, ки Самак ба вай дода буд; ва яке он ки аз хонумон ва зану фарзанд баромада буд.

Дар он соат буд, ки Оташак баргашта буд. Паҳлавон Кармун чун Размоқро бидид, гуфт:
— Шумо кистед?

Размоқ аҳволи хеш бо ишон бигуфт ва худро ошно кард.

Кармун аз бурдани Маҳпарӣ дигар бор ба қалъа дилтанг шуд. Размоқ гуфт:
— Моро аз ин танг 1 берун бояд шуд, ки лошак лашкар ба талаби мо омада бошанд ва талаби мо кунанд.

Кармун гуфт:
— Эй Размоқ, дар он қалъа чанд мард бошанд?

Размоқ гуфт:
— Дар он қалъа чаҳорсад марди ҷангӣ бошанд ва миқдори дувист мард аз қалъа берун омадаанд ва талабкори Самаку дигарон мебошанд.

Кармун гуфт:
— Моро ин ҷойгоҳ фуруд мебояд омадан, то агар лашкари душман биёяд, қаҳр кунем. Чун Маҳпариро наёфтем, бе мақсуд барнагардем, боре коре карда бошем ва аз лашкари душман чанде кушта бошем.

Размоқ гуфт:
— Шумо донед.

Ва дар он танг фуруд омаданд ва он танг ҷойгоҳе буд ба зери қалъа ва қалъа бар он танг буд ва як роҳ беш надошт ва обу алаф фаровон буд. Кармун бо лашкар он ҷо мақом сохтанд.

Ва он ҷо Тармаша бо Хону дувист савор бар он мақом мерафтанд, то шаб бар он дара расиданд ва баҳрае аз шаб гузашта буд, ки ногоҳ овози сафире 2 ба гӯши Тармаша омад. Тармаша бо Хон гуфт:
— Як соат асб марон, то бингарам, ки овози сафир аз ин сари дара меояд.— Ишонро бар ҷой бидошту пиё-

1 Т а н г — дара, тангӣ.
2 С а ф и р — хуштак.

пешина
аз 283
навбатӣ