Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
ӯро бигрифтанд ва ҳеҷ каси дигар надиданд. Ишонро пеши Адҳон оварданд. Адҳон гуфт:
— Эй бадфеъли ҳаромзода, ин чӣ кор буд, ки ту кардӣ ва ҳаққи нону намаки моро нигоҳ надоштӣ ва қалъаи подшоҳонро барбод додӣ? Рост бигӯӣ, то шавҳарат ва Самаку Сурхвард куҷоанд?
Зан гуфт:
— Эй паҳлавон, ман ишонро чӣ донам. Шавҳарам ва фарзандон ба ҳезум рафтаанд, Самаку Сурхвард надонам.
Тармаша гуфт:
— Эй паҳлавон, ишонро аз қалъа ба зер бояд андохт, ки дурӯғ мегӯянд.
Зан бигирист ва гуфт:
— Эй паҳлавон, ман дар қалъа бошам ба сарои хеш ва аз аҳволи беруни қалъа чӣ донам ва кори ман чист, ки на ман касеро ба қалъа овардаам.
Адҳонро дил бар вай бисӯхт ва ишонро аз қалъа берун кард. Пас Адҳон гуфт:
— Эй Тармаша, ту бирав пеши Хон ва талабкори Размоқ бош ва ӯро бигӯӣ, то талаби Размоқу фарзандони вай бикунад ва агар касе омада бошаду нома ба вай оварда бошад, ӯро низ бигиранд.
Тармаша бархост ва зани Размоқро бо духтар дар пеш карду аз қалъа берун омад ва аҳволи Маҳпариву Рӯҳафзой он чи шунида буд, ҳама бозгуфт ва аҳволи зани Размоқу духтарон, ки аз қалъа берун кард. Пас гуфт:
— Эй Хон, моро дар ин дараву кӯҳ мебояд гаштан ва нигоҳ доштан, бошад ки касе аз ишон пайдо шавад ва донам, ки то рӯз шавад, лашкар биёяд, ки Маҳпариро бибарад ва дигар, талабкори Размоқу фарзандони вай мебояд будан, то ишонро бигирем.
Хон гуфт:
— Чунин кунем.
Аммо худованди ҳадис ва ровии қиссаву муаллифи ахбор чунин гӯяд, ки чун Маҳпариву Рӯҳафзойро аз он сӯрох берун оварданд, Размоқ гуфт:
— Эй фарзандон, ночор ишонро ба қалъа баранд ва мутолабат кунанд ва бигӯянд, ки ин кор кардем. Ин кор набоист кардан бар он қадар зар, ки Самак ба мо дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё