Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
чун бандиён надорам ва ғаму ранҷ ва муваккал 1 бар ту нагуморам ва нагузорам, ки наринамард дар шахдара гузарад, то туро ранҷе ба хотир нарасад ва ба оқибат чунин коре кунӣ ва обрӯи ман дар пеши подшоҳон бибарӣ? Рост бигӯ, то ту аз қалъа чӣ гуна берун рафтӣ ва туро кӣ роҳ намуд? Агар на, ба яздони додори кирдигор, ки бо ту коре кунам, ки ҷаҳониён бозгӯянд ва шоҳ бо ман чӣ кунад беш аз он ки хашм гирад ва моро маъзул кунад? Боре қаҳри чун ту касе ба хона набарам, ки дар ҷаҳон гӯянд «духтаре бо чандин мард бибохт» 2.
Маҳпарӣ гуфт:
— Ин ҳама чист, ки мегӯӣ? Чунон ки маро аз қалъан Шоҳак бибурданд, аз ин қалъа низ бибурданд ва надонам кӣ буд ва агар донам, нагӯям.
Адхон гуфт:
— Ӯро чӯб бояд задан, то бигӯяд.
Тармаша гуфт:
— Эй паҳлавон, духтари шоҳро чӯб нашояд задан, аммо Рӯҳафзойро чӯб бояд задан, то рост бигӯяд вагар на, Маҳпариро бизананд. Ё бигӯяд аз бими чӯб ё дилаш бар вай бисӯзад.
Рӯҳафзойро даркашид ва чӯб зад чунон ки ба ҳар чӯбе ду-се ҷои Рӯҳафзой шоҳ 3 шуд ва хун равона шуд, то даҳ чӯб тамом шуд, Рӯҳафзой зинҳор 4 хост. Гуфт:
— Маро мазанед, то рост бигӯям.
Ӯро бознишониданд ва об хост ва ӯро об доданд, то бозхӯрду аҳвол чунон ки дида буд, аз кори Размоқи ҳезумкашу омадани Самак ва ишонро аз қалъа бурдан — ҳама бозгуфт. Пас (Адхон) гуфт:
— Самак куҷо рафт?
Гуфт:
— Моро берун бурданд ва рафтанд.
Адхон бифармуд, то Маҳпариву Рӯҳафзойро банд барниҳоданд ва ба шахдара бурданд. Ходиме буд сиёҳ, зишт, номи ӯ Манкул. Ӯро бифиристод то бар вай муваккал шуд. Пас дарҳол кас фиристод ба сарои Размоқи 1.
ҳезумкаш, то ӯро бигиранд ва ҳар кӣ дар он ҷо бошад.
Мардумон ба хонаи Размоқ омаданд ва зану духтари
1 Муваккал — нигаҳбон, касе ки ихтиёри коре ё чизе дар ӯҳдаи ӯст.
2 Яъне: як духтар чандин мардро бозӣ доранд, гоҷ кард.
3 Шоҳ — пора, чок.
4 Зинҳор — амон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё