Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
— Ман дар ин ҳафта бар ин ҷойгоҳ расидам, ин дари сӯрох барнаёварда буданд, акнун баровардаанд.
Хон гуфт:
— Бирав ва бингар, то чист.
Савор асб биронд, то пеши сӯрох ояд ва бингарад.
Маҳпариву Рӯҳафзой чун овози асб бишниданд, аз шикофи санг нигоҳ карданд, саворе диданд, ки рӯй бар он сӯрох ниҳода буд. Ишон бархостанд, то дар он сӯрохи дигар раванд, ки назари асб бар ишон афтод, биҳаросиду аз ҷой бичаст ва бод дар бинӣ афканд ва шиха задан гирифт ва мардро аз пушти худ бияндохт чунон ки гардани вай бишкаст ва дигар бор ғамз 1 накард, ки ҳар кас ки ғамз кунад ва далел бар халқ бошад, он бинад, ки он мард дид.
Чун саворон рӯй бар он сӯрох ниҳоданд, гуфтанд:
«Магар дар ин чизе ҳаст, ки асб ҳамчунон истодааст ва дар он сӯрох нигоҳ мекунад?» — Пеши асб омаданд, асбро диданд, чашм дар он сӯрох ниҳода тез менигарист.
Пеши он сӯрох омаданд ва санг баргирифтанд, Маҳпариву Рӯҳафзойро диданд дар он ғор нишаста. Ишонро берун оварданд. Тармаша дар ишон нигоҳ кард, аҷаб бозмонд. Гуфт:
— Шуморо дар ин ҷойгоҳ кӣ овард?
Рӯҳафзой гуфт:
— Моро оварданд, надонем, ки кӣ буд.
Тармаша гуфт:
— Ман шуморо бигӯям, ки медонед ё не. Шумо нагӯед, илло ба захми чӯб, ки ман худ медонам, ки ин кори кист. Аммо на чунон ки ман, шумо бигӯед. Эй Хон, ишонро ба қалъа мебояд бурдан ва мутолабат 2 кардан, то рост бигӯянд. Ва ин кори ман аст. Эй паҳлавон, ту ин ҷо бо сипоҳ мегард, то ман ишонро ба қалъа барам ва аҳвол боздонам ва пеши ту боз оям.— Ин сухан бигуфт ва Маҳпариву Рӯҳафзойро ба қалъа бурд пеши Адхон.
Адхон чун нигоҳ кард, Маҳпариро дид, гуфт:
— Эй раънои худком, духтари подшоҳон чунин кунанд ва бадноми ба ҳосил оваранду номи худ зишт гардонанд ва қалъаи подшоҳонро номус баранд аз беномунангӣ? Ночор ман туро дар шаҳдара ҷой кунам ва темор 3 дорам чунон ки дар хури подшоҳон 4 бошад, туро
1 Ғамӣ — хабаркашӣ, фитнагарӣ.
2 Мутолабат — чизеро талаб кардан.
3 Темор — ғамхорӣ.
4 Яъне: лоиқи подшоҳон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё