Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Яздон нахост ва ӯ маро дар банд кард ва Самаку Оташаку Сурхвард ҳар се дар қалъаанд ва рафтаанд, ки Маҳпариро бибаранд.
Хон гуфт, ки:
— Мо ҳеҷ кас надидем, магар он мард, ки Арманшоҳ фиристодааст ба талаби туву Самак. Ман бо саворон ба талаби ту омадаам.
Тармаша гуфт:
— Эй Хон, кас фирист, то бингарад, ки Самак ӯро бурдааст?
Чун мард пеши Адхон омад ва аҳвол бигуфт, Адхон аз ҷой баромад, гуфт: «Чӣ мегӯянд? Самак аз осмон даромад ва Маҳпариро ба роҳи осмон бибурд? Ин чӣ сухан аст?!» — Ду ходим ба шахдара фиристод, ки бингаранд, ки Маҳпарӣ дар шахдара ҳаст ё не. Агар нест, аҷаб корест!
Ходимон ба шахдара даромаданд, ду канизак он ҷо буданд. Пурсиданд, ки «Маҳпарӣ куҷост?» Ишон гуфтанд: «Мо намедонем». Ходимон гирди шахдара баромаданд, ҳеҷ ҷой нишони Маҳпарӣ надиданд. Пеши Адхон омаданд ва аҳвол бигуфтанд ва канизаконро бо худ биёварданд. Адхон аз ишон пурсид, ки:
— Маҳпарӣ куҷо рафт?
Ишон гуфтанд:
— Мо надонем. То биёмад, дар хидмати вай будем. Моро гусил кард. Беш аз ин хабар надорем.
Адхон бонг бар ишон зад, ки:
— Чаро ҳамон рӯз ба ман нагуфтед?!
Ишон гуфтанд:
— Эй паҳлавон, мо пиндоштем, ки аз пеши ту омадааст, ки бод заҳра надошт, ки ба шахдара бигзарад, бе дастури ҳеҷ кас натвонанд омадан. Моро гумон буд, ки ту ӯро пеши худ хондай. Чӣ донистам, ки ӯро медуздиданд.
Адхон ошуфта гашт. Касе фиристод пеши Хон, ки «Маҳпариву Рӯҳафзойро аз қалъа бурдаанд ва номуси қалъа рафт. Акнун бояд, ки ишонро талаб кунед, ки ҳанӯз аз ин наздикӣ нарафта бошанд. Перомуни қалъа мегардед, бошад ки ишонро ба даст оваред».
Хону Тармаша аз он кор дилтанг шуданд ва перомуни қалъа мегаштанд, то бад-он мақом омаданд, ки Размоқи ҳезумкаш истода буд.
Сӯрохе диданд, бароварда.
Яке гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё