Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо чунин ривоят кунад муаллифи ахбор ва ровии қисса, ки чун лашкар аз қалъа берун омаданд ва аз ҳар ҷониб пароканда шуданд ба талаби Тармаша дар миёни дарахтон ва Хон бинни Хон дар пеш истода, ки ногоҳ аз миёни дарахтистон ғурридани шер шунид, дарҳол ба ҷони худ бозистод, ки аз миёни беша шере берун омад бар мисоли жандафиле. Хон дар он аҷаб бимонд, ки он шер чун раъд меғуррид ва рӯй ба Хон ниҳод уштулумкунон. Хон гуфт:

— Дер аст, то ки мо талабкори ин шер мебошем... Шумо як соат биистед, бошад ки ман ин асир битавонам кардан.— Ин бигуфт ва рӯй ба шер ниҳод. Чун шер дид, ки рӯй ба вай дорад, биншаст ва ғурридан гирифт ва каф меафшонду дунбол бар замин мезад ва гард меангехт, то Хон ба наздик расид. Бо вай ба шамшер даровехт, то замоне бикӯшид, ба наздик натавонист рафтан, ки шер ба чанголу дандон ҷанг мекард. То Хон инони асб бозгирифт ва даст ба камон бурд, чӯбаи тир аз шаст бияндохт ва бизад бар чашми рости шер, чунон ки тир дар сари шер нопайдо шуд. Шер биғуррид ва рӯй ба ҳазимат ниҳод. Хон як чӯба тири дигар бияндохт ва бизад бар паҳлуи шер чунон ки тир дар шиками шер афтод. Шер чун он захм биёфт, ҷастан гирифт ва рӯй ба дарахтистон ниҳод ва Хон дар дунболи вай, то шер расид ба обе фаровон. Шер худро дар он гавоб¹ андохт ва Хон бозгашт, то пеши лашкар ояд, ки дар роҳ нолае шунид. Гуфт: «Ин чӣ нола аст, магар касе бошад, ки шер ба вай расида бошад ва ӯро маҷрӯҳ карда бошад?» Бар асари нола бирафт. Якеро дид, аз дарахт овехта ва аз бисёрии хун, ки аз аъзои вай полуда буд, сараш омос карда буд. Хон наздики вай омад ва ӯро аз банд бикшод ва бознишонд. Нафасе борик мекашид. Замоне сабр кард, то хунҳо аз андоми вай бирафт ва чеҳраи вай падидор омад. Хон нигоҳ кард, Тармашаро дид, бишнохт, аз баҳри он ки Хон ӯро дар Мочин дида буд. Дар кори вай аҷаб бозмонд, гуфт:

— Эй Тармаша, ин чӣ ҳол аст, ки мо ба талаби ту омадаем, ки мегӯянд, ки ту Самакро овардай то ӯро дар банд кунӣ? Акнун худи туро дар банд мебинам. Ин чӣ гуна будааст?

Тармаша забон баркушод ва аҳволи худ бозгуфт, ки: Ман бо Самак будам, хостам ки ӯро дар банд кунам.

1 Ҷавоб — оби чуқур, чуқуроб.

пешина
аз 283
навбатӣ