Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Самур гуфт:
— Эй Оташак, аз куҷо меоӣ аз ин ҷониб?
Гуфт:
— Аз қалъаи Фалакӣ меоям, аз пеши паҳлавони Самаки айёру Маҳпарӣ.
Самур чун номи Самаку Маҳпарӣ бишнид, хуррам шуд. Оташакро дар паси пушт нишонду рӯй ба роҳ ниҳод ва омад то ба хидмати Хуршедшоҳ. Чун пеши тахти шоҳ расид, хуррам шуд ва хидмат кард, гуфт:
— Эй бузургвор шоҳ, Оташак аз қалъаи Фалакӣ меояд ва хабари Самаку Маҳпарӣ овардааст.
Хуршедшоҳ чун бишнид, хуррам шуд ва гуфт:
— Чӣ мегӯӣ?!
Оташак забон баркушод ва аҳволи рафтани ишон ба шаҳри Мочин ва аз кирдорҳои Самаку бурдаани Дилором то бад-он гоҳ ки Маҳпариро аз қалъа ба шикафт 2 бурданд, ҷумла дар пеши Хуршедшоҳ шарҳ дод ва гуфт:
— Эй шоҳ, дарьёб ишонрову лашкар фирист, то ишонро биёваранд. Набояд ки касе бад-ишон бирасад, ки Самак бо Сурхвард дар қалъаанд, то бошад ки қалъа ба даст гиранд. Ва маро бар ин кор фиристодааст.
Чун Хуршедшоҳ ин сухан бишнид, Кармуни паҳлавонро бихонд, гуфт:
— Бо понсад савор биравед ба зери қалъаи Фалакӣ ва Маҳпариро биёваред.
Кармун бо понсад савор рӯй ба роҳ ниҳоданд ва Оташак дар пеш истод, то бирасиданд наздики дара. Оташак иншонро гуфт:
— Дар ин дара мебояд рафтан, то обе фаровон пеш ояд. Дар пеши он об шикофи кӯҳ аст, Маҳпарӣ бо Рӯхафзҷй дар он сӯроҳанд, берун оваред ,ки ман ба Мочин хоҳам рафтан, ки аҳволи паҳлавонон боздонам, ки ба чӣ расидааст, ки Самак маро бар ин кор фиристода.— Ва мақсуди Оташак он буд, ки биравад ва аҳволи Дилором боздонад.
Он саворон дарлаҳза бирафтанд. Торик буд, гуфтанд: «Моро ҳам ин ҷойгоҳ мебояд будан, то рӯз равшан шавад ва роҳ бар он шикафт донем бурдан, ки Маҳпариро берун оварем».— Ин бигуфтанд ва фуруд омаданд.

1 Шикафт — гор.

пешина
аз 283
навбатӣ