Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

да шуд ва сокин мерафт, то ба наздики асб расид. Мардеро дид, ки асбро об медод ва сафир мезад. Нармнарм дар сояғоҳи моҳтоб Тармаша мерафт. Ногоҳ бар сари он мард андаромад ва ӯро маҳкам бигирифту ӯро барбаст ва асби ӯро бигирифту пеши Хон омад. Хон гуфт:
— Эй Тармаша, ин асб аз куҷо овардӣ ва ба чӣ ӯро бастай?
Тармаша гуфт:
— Эй паҳлавон, ӯро дар канори об дидам, ки асбро об медод. Надонам, ки тааллуқи кист.
Хон гуфт:
— Эй мард, ту кистӣ ва ин чӣ роҳ аст?
Мард гуфт:
— Ман аз лашкари Мочинам ва ин ҷо ба шикор омада будам. Шикоре аз пеши ман бирамид, ман дунболаи вай бар ин ҷойгоҳ омадам ва сайд нопайдо шуд дар ин мақом.
Тармаша гуфт:
— Эй мард, сухан чунин бо мо мегӯянд? Сухани ту дуруст нест. Кас дар ҷумлаи Мочин бошад, ки моро нашиносад? — Тармаша гуфт: — Ман зиндонбони Арманшоҳам.
Мард фурӯ монд.
Тармаша гуфт:
— Эй мард, ба Яздони додори кирдигор, ки ҳарчӣ гуфтӣ, ҳама дурӯғ аст. Шикоре чӣ бошад? — Ӯро бияфканд ва яке бар сар нишасту яке бар пой ва Тармаша чӯб дар даст гирифт ва он мардро даҳ чӯб зад, чунон ки бехуд гашт. Пас зинҳор хост ва ӯро бознишонданд. Гуфтанд: рост бигӯй. Он мард гуфт:
— Ман аз лашкари Хуршедшоҳам ва бо ман понсад саворанд ва дар ин дара фуруд омадаанд.
ПАС, аз рафтани Оташак пеши Хуршедшоҳ ва аҳволи Самаку Маҳпарӣ гуфтан ва фиристонидани шоҳ Кармунро бо лашкар ва омадани ишон бар он дара ва бозгаштани Оташаку пеши омадани Размоқу фарзандон ва аҳволи рафтани Маҳпарӣ ва ба қалъа бозбурдан — ҳама бозгуфт. Тармаша гуфт:
— Эй мард, чаро пеш аз ин нагуфтӣ, то туро чӯб назадаме. Самак бо дигарон куҷо рафтанд?
Он мард гуфт:
— Дар қалъаанд.
Тармаша чун ҳама маълум кард, сари он мард дар

пешина
аз 283
навбатӣ