Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

канор гирифту ӯро бинавохт ва дилхушӣ дод. Он мард хуррам шуд, пиндошт, ки рост мегӯяд. Тармаша бифармуд, то он мардро гардан бизаданд. Хон гуфт:
— Эй Тармаша, ин чӣ буд, ки ту кардӣ, ӯро бинавохтӣ ва гарданаш бизадӣ?
Тармаша гуфт:
— Аз ранҷи чӯб, ки хӯрда буд, ӯро бинавохтам ва дилхушӣ додам, то осуда гашт ва дар нишот кардан вайро гардан задам.
Хон гуфт:
— Ту донӣ. Акнун бо ин лашкар чӣ кунем? Ишон бисёру мо андак.
Тармаша гуфт:
— Эй паҳлавон, чораи он донам: Ин дараро роҳ баста аст ва роҳ ин аст, ки мо истодаем. Моро ҳезуми бисёр бар сари ин дара ҷамъ бояд кардан ва оташ дарзадан ва моро боз қалъа бояд рафтан ва аз болои қалъа санг бар ишон кушоем ва ҳамаро ба санг ҳалок кунем.— Ин бигуфтанд ва он дувист мард пиёда шуданд ва дарахтонро мебуриданд ва бар сари якдигар меандохтанд, то роҳ баста шуд. Пас оташ дар он ҳезум заданду рӯй ба қалъа ниҳоданд. Чун ба қалъа баромаданд, рӯз равшан шуда буд. Пеши Адхон омаданд ва аҳвол бигуфтанд. Адхон бифармуд то ҳарчӣ дар қалъа мардон буданд, болои он танг рафтанд ва дасти санг бар ишон кушоданд.

Чун Кармуни паҳлавон дид, ки санг аз болои қалъа равона шуд, савор шуд ва рӯй ба роҳ ниҳод, ки берун раванд ва сипарҳо дар сар кашиданд. Чун бар сари дара омаданд, роҳ баста буд аз оташ, фурӯ монданд, на рӯи гурехтан ва на рӯи истодан. Сипарҳо дар сар оварданд ва бар ҷой биистоданд, то чандон санг аз болои қалъа ба зер андохтанд, ки аз он понсад савор як тан зинда намонданд на марду на асб. Чун мардуми қалъа аз кори ишон фориғ шуданд, Тармаша гуфт:
— Эй паҳлавон, талабкори Самаку Сурхвард бояд будан, ки то дар қалъа куҷоанд, ки чунин шунуфтам, ки аз қалъа нарафтаанд.
Адхони кутвол гуфт:
— Бархез ва мардони қалъа ин ҷо талаб кун.
Тармаша бирафт ва ҳеҷ ҷой надид 1.

1 Яъне: онҳоро надид, наёфт.

пешина
аз 283
навбатӣ