Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Муаллифи ахбор ва ровии китоб чунин таҳрир мекунад, ки чун Оташакро бо Размоқ аз қалъа берун фиристоданд, Самак бо Сурхвард ҳарду аз сарои Размоқ берун омаданд ва дар қалъа мегаштанд, то чӣ бинанд. Ҳар ҷо, ки бингариданд, на ҷои ишон буд, то ба мақоме расиданд, коҳдоне буд. Дар он коҳдон мерафтанд, даре диданд, оҳанин овехта ва қуфле барзада. Самак гуфт:
«Ин ҷо нашояд будан?» Пас даст дар қуфл зад ва бишкаст. Дар бозток 1 афтод ва андар рафт. Хуҷрае дид, чаҳор суффа рӯй дар рӯй оварда ва дар ҳар суффае хуме ҳисравонӣ 2 ниҳода — пур аз зар ва перомуни суффа даре ба рӯй замин сохта. Самак аҷаб дошт.
Пас он дар барафканд, нардбоне падидор шуд ва дар он нардбон фурӯ рафтанд. Сарое дид, дар зери замин сохта. Самак гуфт:
— Эй Сурхвард, моро ин ҷойгоҳ мебояд будан, ки маҳкам аст ва ном аз хеш дорад — хазина аст ва ҳама кас бар ин ҷой наёянд. Мебошем ду-се рӯзе, то бингарем, ки чӣ хоҳад будан ва чора тавонем кардан.
Пас, қадре нон дошту митҳарае 3 об, бад-он ганҷҳона пинҳон шуданд ва мебуданд. — Аз он ҷойгоҳ Тармаша бо мардумони қалъа ишонро талаб мекарданд, ҳеҷ асаре надиданд.— Ва ду рӯзу ду шаб дар он ҷойгоҳ аз аҳволи Маҳпарӣ бехабар, ки ӯро ба қалъа бозоварданд ва лашкари Хуршедшоҳро куштанд. — Дар ин андеша мебуданд, ки ногоҳ овози дар шуниданд. Самак аз шикофи дар нигоҳ кард, ҷавоне дид, чун сад ҳазор нигор:
баландболои борикмиён, чуббаи 4 атлас пӯшида ва кулоҳе мағрак 5 бар сар ниҳода. Пеши хум омаду зар бигирифт ва дареғ мехӯрд, ва бо худ мегуфт: «Э дареғо!
Агар Самак ин кор бо ман гуфта будӣ, чупон бисохтаме, ки ин ҳама халқ барбод наёмадӣ ва Маҳпарӣ дар банд наяфтодӣ».
Самаку Сурхвард овози ӯ мешуниданд. Самаки айёр гуфт:
— Эй дилором, ин ҷавон дӯсте аз они мост ва бисёр ғами мо мехӯрад ва дигар, мегӯяд, ки Маҳпариву Рӯхафзойро ба қалъа бозоварданд ва лашкари бисёр бикуштанд. Чӣ гуна буда аст? Магар лашкаре омадааст,
1 Бозток — ба пушт афтодан, киноя аз пурра кушода шудан.
2 Ҳисравонӣ — шоҳона, навъе аз хум.
3 Митҳара — обдон, кум-кума.
4 Чубба — ҷома.
5 Кулоҳи мағрак — кулоҳи пӯктез.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё