Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
хоб шуд. Овози хоби ӯ ба гӯши Самак расид. Бархост ва гуфт: «Ва ҳар чӣ бодо, бод. Агар маро аҷал расидааст, бознатавонам дошт ва агар на, бошад, ки ба мурод расам».— Ин бо худ бигуфт ва ба болои дӯкон омаду дашна баркашид ва бизад бар китфи Сурхи Кофар. Пиндошт, ки дашна аз синаи ӯ бигузашт, ки Сурхи Кофар аз ҷой биҷасту ӯро бигирифт ва бар сари даст овард, то бар замин занад, дасти Самак бар хояи Сурхи Кофар омад па бигирифту бифушурд, чунон ки марде бадон қувват, ёздаҳ газ боло, аз пой даромад ва беҳуш гашт. Самак дар вай ҷаст ва сабук дасту пои вай ба каманд дарбаст ва даҳони вай биёканд ва ба ҳазор ранҷ ӯро бардошту рӯй ба роҳ ниҳод ва ба сарои он зан омад, ки силоҳ он ҷо ниҳода буд, ӯро ба дари хона бияфканд ва дар бизаду гуфт:
— Эй модар, он амонат боздеҳ.
Зан ба зер омад ва дар бикшод. Шахсе дид чанди манорае афтода. Гуфт:
— Эй озодмард, ин кист?
Гуфт:
— Эй модар, Сурхи Кофар аст.
Зан чун номи Сурхи Кофар бишунид, аз ҷой баромад ва гуфт:
— Ин Сурхи Кофар кӣ овард ва кадом паҳлавон ӯро чунин барбаст?
Самак гуфт:
— Ман овардам.
Гуфт:
— Ту кистӣ, ки чунин тавонистӣ кардан?
Гуфт:
— Манам Самаки айёр.
Чун зан номи Самак шунид, аз пой дарафтод ва гуфт:
— Эй ҷавонмард, дар олам ман талабкори туам. Акнун чун Сурхи Кофарро гирифтӣ, бидон, ки падари Собиру Самлод — Ҳумор маро бародар аст ва амонатӣ ба ман супурдааст. Дар он вақт, ки ту аз сарои пай бирафтӣ, гуфт: «Чун ӯро бибинӣ, ва аз аҳволи ӯ хабар ёбӣ ва мақоми ӯ бидонӣ, ин амонат ба вай расон».
Самак гуфт:
— Эй модар, чист?
Гуфт:
— Сандуке, надонам дар он чист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё