Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Самак гуфт:
— Эй модар, ҳеҷ донӣ, ки мақоми ӯ куҷост?
Зан гуфт:
— Чун аз ин кӯча берун равӣ, ба дасти рост аз миёни бозор бигузарӣ. Дар миёни Бозори Заргарон мақоми ӯст.

Самаки айёр гуфт:
— Эй модар, ин силеҳи ман ба амонат ба хона ту бинеҳ, то ман ба гӯшае пинҳон шавам, то чун маро бибинад ва ҳеҷ силеҳ бо ман набошад, ҳеҷ нагӯяд.
Зан гуфт:
— Агар хоҳӣ, ту дар сарои ман ором гир, то рӯз равшан шавад ва бирав.

Самаки айёр гуфт:
— Силоҳ биниҳаму судоъ¹ бибарам.
Зан гуфт:
— Раво бошад.

Самак силоҳ биниҳод ва дашнаву каманд баргирифт ва рӯй ба он кӯча ниҳод, ки зан нишон дода буд.
— Ва чунон буд, ки он рӯз Қонун боз хона омада буд ва чанд кас ба тӯҳмат гирифта буд ва овехта буд. Самак он дониста буд, ки он рӯз Қонун бозомадааст.— Меомад, то ба Бозори Заргарон расид. Нигоҳ кард, шахсе дид, чанди манорае бар дукконе нишаста ва корде ба миқдори ду газ ба даст гирифта ва меғурриду бо худ чизе мегуфт, ки овози пои Самак ба гӯши вай расид. Наърае зад ва гуфт:
— Ту кистӣ?! Магар маро намешиносӣ, ки чунин густовхвор меоӣ? Азим заҳрае дорӣ?!

Самак ба забони шикаста ҷавоб дод, ки:
— Эй паҳлавон, чаро намедонам? Валекин аз баҳри он омадаам, ки аз ин қавм, ки Қонун овехтааст, яке хеши ман аст. Заҳра надорам, ки ӯро ба рӯз фурӯгирам. Акнун омадаам, ки ӯро бибарам. Акнун надонам, ки куҷост.

Сурхи Қофар гуфт:
— Аз он ҷониб аст, дар миёни бозор.
Самак бозгашт ва дар гӯшае биистод ва дар Сурхи Қофар нигоҳ мекард ва бо худ мегуфт: «Ман бо ин чӣ тавонам кардан? Агар маро дасте бизанад, бар замин пахш кунад».— Дар андеша мебуд, то Сурхи Қофар дар

1 Судоъ — дарди сар.

пешина
аз 283
навбатӣ