Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун Хурмузи Келро пеши падар бурд, хизмат кард ва гуфт:
— Эй падар, ӯро гардан бизанем.
Мехрони вазир гуфт:
— Маслиҳат аст, ки ҳар кӣ ёбем, бикушем.
Арманшоҳ аз баҳри Тайлоку Айлок дилтанг буд, то Шаҳрони вазир гуфт:
— Эй шоҳзода, маслиҳат нест, ки Хурмузи Келро сиёсат кунем, ки ишон Тайлоку Айлокро сиёсат кунанд ва ҳар ду худовандӣ кулоҳанд ва андешан ман чунон аст, ки яке дар майдон равад ва бигӯяд, ки «Хурмузи Келро сиёсат мекунем. Тайлоку Айлокро бозфиристед, то Хурмузи Келро бозфиристем».
Арманшоҳ гуфт:
— Некӯ андеша кардӣ. Яке дар майдон фирист.
Шаҳрони вазир гуфт:
— Ман биравам.— Ин бигуфт ва дар майдон рафт, баробари калби Хуршедшоҳ, овоз дод, гуфт: «Шоҳро бигӯед, ки агар Хурмузи Кел бихоҳӣ ки боз фиристем, он ду тан ки дори, бозфирист». Ин маъни бо шоҳ бигуфтанд, шоҳ гуфт: «Раво бошад» — Он ҳар дуро хилъат дод ва бозфиристод. Ишон Хурмузи Келро бозфиристоданд.
Сипоҳ табли осонш бизаданд. Хуршедшоҳ бифармуд, то Фаррухрӯз бо даҳ ҳазор савор ба талоя берун равад. Аз он ҷониб Арманшоҳ Қизилмаликро ба талоя берун фиристод.

Чунин гӯяд муаллифи ахбор ва ровии қисса дар аҳволи Самаку Сурҳвард ва Оташаку Ниёл бинни Санҷонӣ, ки дар сарой ду бародарони қассоб буданд. Самак як шаб рӯй ба ишон кард, гуфт:
— Эй ҷавонмардон, то кай нишинем? Берун хоҳем рафтан, ки Мехрони вазирро биёварем.
Оташак бархост ва гуфт:
— Эй паҳлавон, ман биравам.
Самак гуфт:
— Биншин, ки на кори туст.
Гуфт:
— Эй паҳлавон, агар кори ман набудӣ, бар худ нагирифтаме. Охир чандин рӯзгор, ки дар хизмати туам, коре омӯхтаам.

пешина
аз 283
навбатӣ