Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

данд, ки аз бомдод то заволгоҳ 1 майдондорӣ карда буд, шоҳ гуфт: «Ӯро обе баред».
Чулоб меоварданд, ки Арманшоҳ низ аз барои фарзанд чулоб фиристод. Ҳар ду бозхӯрданд. Хурмузи Кел гуфт:
— Эй шоҳзода, мо ҳар ду об хӯрдем ва бунёсудем, ин ҳарду забонбастаро ҳам об бояд додан, ки забон надоранд, ки бихоҳанд. Пас аспон бадал кунем.
Қизилмалик гуфт:
— Раво бошад.
Пас ҳар ду асп хостанд ва савор гаштанд ва бо якдигар замоне ҳунар намуданд, ба найзаву теғ бикӯшиданд, касе музаффар нашуд. Хурмузи Кел гуфт:
— Эй шоҳзода, агар хоҳӣ, то пиёда ҷанг кунем ва замоне даст дар камари якдигар занем, ки доди мардӣ дар пушти аспон бидодем.
Қизилмалик гуфт:
— Фармон турост.— Ҳар ду аз пушти асп пиёда шуданд ва силоҳи гарон аз худ бозкарданд ва лашкар чашм дар эшон ниҳода, то даст дар камари якдигар заданд ва қувват карданд. Соате Қизилмалик дарҷаст ва қувват кард, замоне Хурмузи Кел зӯр намуд. То ба оқибат Қизилмалик дарҷаст ва Хурмузи Келро танг дар бар гирифт. Хурмузи Кел ӯро низ дар бар гирифт. Қувват бар якдигар мекарданд.
Арманшоҳ бар ҷони фарзанд битарсид, ки мабодо, ки Хурмузи Кел ӯро бибарад. Бонг бар паҳлавонон зад, ки «Дарёбед фарзанди маро!» Тайлоку Айлок ҳар ду хидмат карданд ва аспон дар майдон ҷаҳониданд.
Аз ин ҷониб чун Хуршедшоҳ бидид, ки ду тан аз эшон дар майдон омаданд ба ёрии Қизилмалик, бонг бар паҳлавонон зад, ки «Дар майдон равед». Шервони Ҳалабӣ ва Сурхи Марғазӣ ҳар ду аспон барангехтанд ва батаъҷил чунон дар майдон ронданд, ки пеш аз эшон бозомаданд ва аз тезӣ ҳар чаҳор аспон ба ҳам бозафтоданд, аз захм ҳамаи чаҳор асп бияфтоданд. Мардон аз пушти эшон ҷудо гаштанд ва пиёда дар ҳам афтоданд ва бисёр бикӯшиданд, то Шервони Ҳалабӣ ва Сурхи Марғазӣ Тайлоку Айлокро бибурданд. То эшон ҳар дуро бигрифта буданд ва бурда, Қизилмалик Ҳурмузи Келро бурда буд.

1 Заволгоҳ — гашти рӯз.

пешина
аз 283
навбатӣ