Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Айбаву 1 силеҳи ман биёваред, то дар майдон равам ва ҷавоби ин фурӯмоя боздиҳам.

Армоншоҳ ӯро ба даст фурӯ гирифт, гуфт:
— Эй писар, бош, то лашкар дар майдон раванд, ки лашкар аз барои он доранд, ки аз барои мо ҷон сипар кунанд.

Қизилмалик бихурӯшид, гуфт:
— Эй падар, маро раҳо кун, то дар майдон равам.
Ҳар кӣ ӯро сухан дард накунад, номард бошад, ки дар араб масал задаанд: «Зарб-ул-лисон ашад мин зарб-уссинон» 2. Маро дил дард мекунаду ту хабар надорӣ.

Ҳарчанд, ки падар ӯро шафоъат кард, фармон набурд. Гӯфт:
— Агар раҳо накунӣ, худро ҳалок кунам.

Армоншоҳ даст аз вай бидошт. Қизилмалик айбаву силеҳ хост. Пеш рафт ва ба зону даромад ва аз хашм айба бидарид. Аввал ҳарири сафед аз барои гармин андом бипӯшид ва аз болон он зиреҳи довудикирдор даркард ва ҷавшане ноҳунакӣ дарпӯшид ва бандҳо устувор кард ва худе оцин мукаллал ба ҷавоҳир бар сар ниҳод ва камаре пайкорӣ дар миён баст ва теғ ҳамоил карду дарак дар паси пушт афканд ва гирд бар гирд ба тир биёрост ва камоне хоразминиҳод дар гардан афканд.

То Қизилмалик силеҳ мепӯшид, рикобдор биёмад, аспе ба баргустувон ороста меовард ва зине хуросониву рикобе алонӣ ва лигоме тезакӣ ва каманде бар фитроки асп баста ва гурзе панҷоҳманӣ дар карбус 3 фурӯ гузошта.

Қизилмалик пой дар рикоб ниҳод ва савор гашту
рӯй ба майдон ниҳод. Аз гарди роҳ наъра зад ва найза
бар вай рост кард, хост, ки бар сари Хурмузи Кел занад,
Хурмузи Кел найзан ӯ рад кард ва бисёр бо ҳам бикӯшиданд ва сипарҳо дар сар оварданд ва чандон дар сару фарқи якдигар заданд, ки теғҳо бар мисоли арра
гашт. Теғҳо аз даст бияндохтанд ва даст ба камонҳо
бурданд ва чандон тир бар якдигар андохтанд, ки камонҳо бишкаст, бар якдигар зафар наёфтанд. Инони асп
бозгирифтанд, то аспро бигардонанд, ки аз лашкари
Хуршедшоҳ аз баҳри Хурмузи Кел шарбати ҷулоб овар-

1 А а ба — ҷавон.
2 Яъне: зарби забон зӯртар аст аз зарби найза.
3 Карбус — қоши зин.

пешина
аз 283
навбатӣ