Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Самак гуфт:
— Ту донӣ.
Оташак силеҳ пӯшид ва аз пеши ишон берун рафт.
Чун Оташак бирафт, Сурхвард гуфт:
— Меҳрони вазир бо шоҳ дар лашкаргоҳ мебошад.
Ду бародарони қассоб гуфтанд:
— Ҳар шаб бо шоҳ ба шаҳр меояд.
Ҳар сухане мегуфтанд ва гӯш ба Оташак медоштанд. Ними шаб даргузашт ва ба саҳаргоҳ расид. Рӯз равшан шуд, наёмад. Самаку дигарон дилтанг шуданд, то олам бори дигар торик шуд. Сурхвард гуфт:
— Эй паҳлавон, ман биравам.
Самак гуфт:
— Ту донӣ.
Сурхвард силеҳ пӯшид ва аз сарой берун омад ва рӯй ба роҳ ниҳод. Самак бо Ниёл дар андеша, то Сурхвард биёяд. Мебуданд, то ҷаҳони ториқ равшан шуд. Сурхвард бознаёмад. Самак дилтанг шуд. Гуфт: «Эй дарего, ин чӣ кор буд, ки ман кардам? Мардони ҷаҳон маро бинакӯҳанд ва гӯянд: «Самак дар сарой нишасту зани худро ба шабравӣ берун фиристод, то хизматгор ба даст оварад». Дареғо, ному нанги худ барбод додам». Аз ин маънӣ бо худ мегуфт ва дилтангу ғамнок мебуд, то шаб даромад.
Самак айёр бархост ва каманди шабравӣ бар миён баст ва ба қасди он ки берун равад ва талаби Оташаку Сурхвард кунад. Ниёл ӯро бигирифт ва гуфт:
— Эй паҳлавон, раҳо накунам, ки берун равӣ, магар ман биравам, то агар чунон бошам, ки бознаёям, ту талабкори ман бошӣ. Агар сад ҳазор аз мо бираванд, беҳтар аз он бошад, ки туро ранҷе расад.— Ин бигуфт ва аз пеши Самак берун омад ва дар шаҳр гаштан гирифт ба талаби ишон, то рӯз равшан шуд.
Ниёл барнаёмад.
Самак бим буд, ки девона шавад. Аз қаҳру ғаби1 бар худ мепечид. Бо ду бародарони қассоб гуфт:
— Берун равед, бошад ки овозае бишнавед ба мурда ë зинда.
Ишон берун рафтанд ва бар дари сарои шоҳ мебуданд ва гӯшдорӣ мекарданд, ки ҳеҷ овоза барнанеомад. Бозгаштанд ва дар пеши Самак омаданд ва аҳвол би-

1 Ғ а б н — озурдагӣ, дилтангӣ.

пешина
аз 283
навбатӣ