Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

вононро хилъат диҳанд. Ҳомони вазир аз хазина он чӣ ба кор буд, бихост. Хосу омро хилъат дод, то маст гаштанд ва пароканда шуданд. Хуршедшоҳ дар ҳаваси висоли Маҳпарӣ, то асби висолро ҷавлон диҳад ва гули висол аз бӯстони нишот бичинаду бибӯяд.

Тақдири яздон ва ҳукми илоҳӣ кор дигаргуна бисохт. Боғи меҳри Маҳпариро сари чашма бикшод ва дар ҷӯйбори висол хуноба равон шуд. Дар чамани муроди Маҳпарӣ раёҳин пажмурда гашт. Дасти орзу аз роҳи шаҳват ҳар дуро ташна гардонид. Аз қазо Маҳпариро узри занон пайдо гашт. Он аҳвол бо шоҳ бигуфтанд.
Хуршедшоҳ гуфт: «Як ҳафта хуррамӣ кунед, то вақт барояд». Пас дар ҳамаи лашкаргоҳ мутрибон ба самоъ машғул шуданд.

Аз он ҷониб Хотуру Қонун бо дигарон дар пақм буридан, чунон ки ба миёни лашкаргоҳ расида буданд. Хотур ба наздики боргоҳ омад, дар ҳамаи лашкаргоҳ хуррамию нишот буд. Ба ҳилат худро бар дари шаробхона андохт ва менолид ва ҳар касеро чизе медоданд. Ногоҳ ғуломеро дид, кӯчак, хоси Хуршедшоҳ, биёмад ва бар дари шаробхона биншаст. Хотур дар вай нигоҳ кард, ғуломе дид кӯчак. Гуфт:

— Эй ғулом, аз барои яздон маро обе деҳ.

Ғулом аз шаробхона об бистад ва ба вай дод. Хотур об бихӯрд, гуфт:

— Эй ғулом, ин ҷойгоҳ аз они шоҳ аст?

Ғулом гуфт:

— Ин шаробхона аст ва он боргоҳу он хайма, ки аз паси боргоҳ аст, ҷойгоҳи шоҳ аст.

Гуфт:

— Эй ғулом, ин ҳама нишоту хуррамӣ чарост?

Ғулом гуфт:

— Валиаҳди шоҳ Фағфур омадааст ва Маҳпариро ба Хуршедшоҳ супурда. Акнун арӯсӣ хоҳад будан.

Хотур гуфт:

— Ҳанӯз арӯсӣ накардаанд?

Ғулом гуфт:

— Не, ки тартиб мекунанд.

Хотур гуфт:

— Маҳпарӣ ҳам дар ин хайма мебошад?

Ғулом гуфт:

— Бале.— Ва бигзашт.

Хотур чун аҳвол маълум кард, мебуд, то шаб даромад,

пешина
аз 283
навбатӣ