Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
бархосту пеши Қонун омад ва ишонро роҳ менамуд, ки чӣ гуна мебояд кардан. Ишонро бар он кор машғул кард, ва лашкари Хуршедшоҳ бо хуррамӣву нишот.
Ҳақ таоло тақдир кард, ки аз Дувоздаҳдара Тайроку Илок бо панҷоҳ ҳазор савор пеши Арманшоҳ омаданд ва аз ҳар ҷонибе дигар, чунон ки номаи вай мерасид, аз шаҳри Теҳҷёр Ранҷуршоҳ ва аз шаҳри Дилмун Дарозпою Оҳанкабой ҳар ду саду даҳ ҳазор савор.
Чун саду шаст ҳазор савор ба хидмат омаданд, Арманшоҳ дари хазина бикшод ва тартиби лашкар месохт. Пас гуфт: «Моро берун бояд рафтан». — Бифармуд, то боргоҳ берун заданд. Арманшоҳ рӯй аз шаҳр берун ниҳод бо сипоҳ, чунон ки як фарсанг роҳ буд. Миёни ӯву Хуршедшоҳ чӯе об буд бузург. Фуруд омаданд ва соҳибхабар пеши Хуршедшоҳ омад, гуфт:
— Эй шоҳ, лашкар аз шаҳр берун омад ва саду шаст ҳазор савор омад.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Раво бошад.
Нақибони 1 лашкарро ҳозир кард ва бифармуд, то лашкарро тартиб кунанд ва ба сози ҷанг машғул шаванд, фардо ҷанг хоҳад кардан.
Нақибон дар лашкаргоҳ мунодӣ мекарданд ва лашкар дар сози ҷанг. То ҷаҳонро астари 2 рӯз кушта шуду ҳаркурран шаб пай кард. Умри шаб бесаранҷом ба поён расид, субҳи рӯшан аз машриқ забона зад. Аз ҳар ду лашкар овози кӯси ҳарбӣ баромад. Овози ҳарангюю караной ва дабу шайпур ва буку дуҳули кобулӣ зилзила дар ҷаҳон афканд.
Лашкар аз ҳар ду ҷониб рӯй дар майдон ниҳоданд. Аз ҳар ду сипоҳ нақибон дар майдон омаданд. Аз лаш-кари Хуршедшоҳ Чапи Марғазӣ — бародари Фаррухрӯз буд. Падари ӯро Марғазӣ ном, ӯро ба падар бозхондан-дӣ. Чапи Марғазӣ ӯро лақаб буд ва бештар майдондорӣ пиёда кардӣ ва марде чолоку чалд буд ва ба ҳайкал марде болобаланд буд ва борикмиён ва фарохсина ва ситабрбозу ва кависонд ва зиреҳи пиёдагона пӯшида ва худе 3 бар сар ниҳода ва камар бар миён баста ва камоне ҷочӣ, хоразминиҳод, оҷқабза, тайёргӯша дар бозу афканда... ва дараке 4 содаи чиникор дар пасн
1 Нақиб — пешрав, 2 Астар — хачир.
3 Худ — кулоҳи оҳанӣ.
4 Дарак — сипар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё