Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
вай дод, то бархонад ва маонии нома баргуфт. Фағфур аз нишоту хуррамӣ барафрӯхт, то нома тамоми бихонд.
Фағфур гуфт:
— Эй Мулкдор бад-ин кор туро мебояд рафтан.
Мулкдор гуфт:
— Фармонбардорам.
Фағфур ӯро валиаҳди худ кард ва паҳлавоне буд, номи ӯ Ковард буд, бо даҳ ҳазор савор номзад кард, ки бо Мулкдор бираванд. Бифармуд, то бист ҳазор харвор улуфа 1 аз орду гандуму ҷаву коҳу асалу рӯған ва дигар гуна аз ҳар аҷнос ва хаймаву хиргоҳу шаробхонаву зарродхонаву 2 матбаҳ 3 ва аз он ҳазор харвор хазона 4 ба роҳ кард ва ба таъҷил бифиристод ва ҷавоби нома кард ба узрхон бисёрӯ дилхушиҳои бисёр ки:
«Ин падар хост, ки биёяд, аммо чун он фарзанд таъҷил карда буд, ин падар тартиб надошт. Аммо Мулкдори соҳибкалам фиристодам, то он фарзанд мунтазир набошад, ки омадани ин падар бар асар хоҳад буд».
Аммо аз он ҷониб се рӯз Хотуру Қонун дар нақм буданд, ки лашкар аз он ҷониби Чин бирасиданд. Дарсоат Хуршедшоҳ бифармуд, то лашкар истиқбол карданд ва ишонро ба боргоҳ оварданд. Чун Мулкдор ба боргоҳ даромад, пеши Хуршедшоҳ хизмат кард ва офарин пайваст. Чун Мулкдор дуо гуфт, Хуршедшоҳ хизмат кардапу офарин хондани ӯ бидид, ӯро бинвохт ва бар пеши худ бар болои тахт ҷой дод. Дарҳол Хуршедшоҳ бифармуд, то боргоҳ биёростанд ва умарои 5 давлат ҳозир омаданд. Мулкдор нома арз кард. Пас, бар конда Маҳпариро ба Хуршедшоҳ дод. Ҷумла паҳлавонон нисор 6 карданд.
Шоҳ бифармуд, то ҷулоб оварданд ва меваҳову он чи ба кор буд, то бихӯрданд. Пас, хон бинҳоданд, чунон ки одат буд подшоҳонро. Чун аз нон хӯрдан фориғ шуданд, маҷлиси базм биёростанд ва мутрибони хушнаво овози самоъи 7 ҷонафзой бароварданд ва соқиёни симинбар шароби хушгувор дардоданд.
Хуршедшоҳ ишорат кард ба Ҳомони вазир, то паҳла-
1 Улуфа — озуқаи лашкару хӯроки чорпоён; 2 Зарродхона — қурхона; 3 Магбах — ошхона; 4 Хазона — хазина. 5 Умаро — амирон, саркардаҳо, калоншавандагон; 6 Нисор — пошидани тангаву тилло ва ғайра ба нишони эҳтиром, барчошак. 7 Самоъ — хониш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё