Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
бимонад? Ин кор нахоҳем кардан. Чуну майдони ҷанг бошад, он гоҳ марди ошкоро мекунед.
Шоҳро гуфт:
— Ӯро бо дигарон хилъат фармой, то бозгарданд ва мо низ ба ҷанг машғул шавем.
Арманшоҳ бифармуд, то Хурдасби Шайду ва Сиёҳкелро ба боргоҳ оварданд ва ишонро хилъат фармуд.
Пас Шаҳрони вазир нома навишт, чунон ки пеши Арманшоҳ гуфта буд ва бознамуда, ки:
«Корҳои подшоҳон бар як ҳол намонад ва сабаби боздоштани расул бар гуфтори чанд бехуда буд, ки дар боргоҳ бигуфт ва паҳлавонон, ки аз масоф оварда буданд. Ва аҳвол нахоҳем гуфтан, ки ҷомаи ғофили дарпӯшем. Кас фиристодаем ва лашкар хонда. Чуну сипоҳ бирасанд, ҷанг бисозем ва бандиёну расулон бозфиристем. Баъд аз ин он чи бошад, худ дониста ояд. Вассалом».
Нома тамоми кард ва мӯҳр барниҳод ва ба Хурмузи Кел супурд ва бо хилъат ишонро гусел кард.
Чуну расулонро бозфиристоданд, тартиб месохтанд, то чуну лашкар бирасад, омода бошанд ва ба ҷанг раванд.
Муаллифи ахбор ва ровии қисса чунин гӯяд, ки чуну Конуну Хотур ба миёни лашкаргоҳ омаданд, перомуни лашкари Хуршедшоҳ ҳар ҷой бармегаштанд ва эҳтиёт мекарданд, то Хотур бар миёни лашкаргоҳ баромад. Аз яке пурсид; ки:
— Хаймаи шоҳ кадом аст?
Мард гуфт:
— Он хайма, ки дар баробари туст, аз дебои ҳафтранг ва ақиқ, бар сари он ниҳода ва перомуни ақиқ дар зару ҷавоҳир гирифтааст ва рӯз чуну ситора медурахшад.
Хотур нишон гирифт ва биёмаД ва дар перомуни лашкаргоҳ баргашт ва ҷойгоҳ талаб кард, то ба хушкрӯде расид. Қиёс гирифт ва нишона талаб кард. Конупро бо Кофуру дигарон бадон кор бинишонд ва бинмуд, ки накм чӣ гуна мебояд буридан.
Пас, аз он ҷониб Ҳақ таъоло чунин тақдир кард, ки
чуну Хуршедшоҳ нома ба шоҳи Фағфур фиристод, Сураи
Ҳалабӣ нома пеши Фағфур бурд. Фағфур нома бистад
ва ӯро соҳибкаламе буд ном Мулкдор. Пас он нома ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё