Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
— Эй падар, зинҳор ки ба хуни ман қасд накунӣ ва ба ҳалоки ман накӯшӣ. Агар ту ин кор накунӣ, ва бо ман ёр набошӣ ва ин бор бо ман накашӣ, ман натавонам кард.
Эй устод, маро маҳрум макун. Ман ба муаввали 1 ту ин кор бар худ гирифтам ва агар на, ман на марди ин кор будам. Агар чунон аст, ки маро маҳрум кунӣ, бар ҷони ман ситам карда бошӣ.
Аз бас лобаву зорӣ, ки Қонун дар пеши Хотур бикард, Хотурро дил бар вай бисӯхт, гуфт:
— Эй фарзанд, акнун чун туро тадбир нест, ва албатта ин кор мебояд кардан, аз барои дили ту чора ба даст оварам. Дил фориғ дор, ки акнун андеша нест, ки ман бо ту бад-ин кор ёр бошам ва туро ёрӣ диҳам ва ин кор бо ту тамом кунам.
Қонун бар вай офарин кард. Хотур бархост, бо Қонуну даҳ марди ҷалди 2 кордидаи кордон ҳозир кард ва бифармуд, ки аз олотҳо он чи ба кор бувад, баргирифтанд, чунон ки ҳеҷ касро маълум набуд, рӯй ба лашкаргоҳ ниҳоданд.
Чун эшон бирафта буданд, Арманшоҳ бо Шаҳрони
вазир гуфт:
— Чупӣ бо ин лашкар?
Шаҳрон гуфт:
— Эй шоҳ, нома фиристодаам ва лашкар хостаам. То моро лашкар нарасад, бо эшон дарнатавонем овеҳтан.
Ту расулонро тартиб кун ва ҷавоби нома бозфирист, ки «Лашкар хондаем, подшоҳ бе лашкар коре натавонад кардан. Лашкар бирасад, ва бо шумо даровезем ва кипаи лашкар дар марғзори Гӯрон, ки куштаанд, бозхоҳем. Ва агар Маҳпариро ба мардӣ аз қалъаи Фалакӣ бурдаанд, ҷавоби мардию шумо боздиҳем ва талаби мол бозкунем».— То ишонро бад-ин сухан пой баста шавад, то он вакт, ки лашкари мо бирасад. Дигар, Қонун ба коре рафтааст, бошад ки битавонад кардан.
Чун Шаҳрони вазир ин сухан бигуфт, шоҳро писандида омад, гуфт:
— Расулонро хилъат фармой ва бифирист.
Ин бигуфтанд ва пароканда шуданд ва шаб даромаду бигзашт.
Рӯзи дигар бомдод Арманшоҳ ба тахт баромад ва
вазирону паҳлавонон ба хизмат омаданд. Шоҳ кас фи-
1 Муъанвал — умед, дилпурӣ. 2 Чалд — чолок, чаққон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё