Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
лиҳат чунон дид, ки Хурмузи Келро ба ҷойгоҳе фуруд оваранд ва Хурдасби Шайдуву Сиёҳкелу Сомро пеши ӯ баранд, то вақти дастурӣ ояд.
Қизилмалик ба хизмати падар истода буд, гуфт:
— Эй падар, ин чӣ кор аст, ту мегӯӣ? Аз ин бадтар чӣ хоҳад буд, ки ишон бо мо карданд ва қалъаи Фалаки хароб шуд ва ганче, ки дар ҷаҳон бад-он сифат набвад ва кас надида буд, бибурданд? Аз баҳри он кор панҷоҳ ҳазор савор сар дар хок шуд. Чаҳор мард аз ишон дорем, бозфиристем? Ба якбор ҳамният аз мо бирафт? Оҷизи ишон бошем, то ҳар чӣ хоҳанд, бикунанд ва фармоянд? Ман бад-ин кор ҳамдостон небошам ва номи худ забун накунам.
Ҳақ таоло тақдир кард, ки исфаҳсолори шаҳр Қонун ҳозир буд. Чун Хурмузи Кел аз боргоҳ берун рафт, пеши Қизилмалик хизмат кард, гуфт:
— Эй шоҳзода, дил машғул мадор, ишонро ба кори хеш раҳо кун ва подшоҳонро аз омадану шудани расулон ногузир бошад. Банда бархезад, ки биравад ва Махпариро биёвараду Хуршедшоҳро низ, чунон ки пеш аз ин Махпариро аз қалъаи Шоҳак биёвардам.
Қизилмалик ин бишнид, хуррам шуд ва беғам гашт.
Ерӣ аз даст берун овард ва дар дасти Қонун кард. Қонун хизмат кард ва аз боргоҳ берун омад, чунон ки ҳеҷ кас аз он кор огоҳ нашуд.
Қонун устоде ба ғояти камол дошт дар айёрӣ ва нақб буридан ва макру ҳилаву талбис кордон, номи ӯ Хотур.
Пас Қонун пеши устод рафт ва хизмат карду ҳама аҳвол бозгуфт. Аз он чӣ рафта буду он чӣ ба худ гирифта буд, бозгуфт. Пас гуфт:
— Эй устод, чора чист, ки ин кӯчак коре нест, ки ман бар худ гирифтаам ва ин ҷамоат бедору ҳушёр. Акнун ба муованати ту ҳоҷат аст.
Хотур гуфт:
— Эй фарзанд, туро маълум аст, ки аз он вақт боз, ки фарзанди мо Қуркеши Мошъарӣ аз дунё бирафт, ва дар баҳле модарамро Карбоса бикушт, ман тавба аз ин кор бикардам ва айёриву шабравӣ дар боқӣ кардам ва натавонам тавба шикастан. Қонун дар хок афтод, гуфт:
1 Дастурӣ — иҷозат, рухсат.
2 Яъне: розӣ ва шарик нестам.
3 Ерӣ — дастпона.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё