Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳоҷибон хизмат карданд ва гуфтанд:
— Эй шоҳ, чӯпонон дар зери қалъаи Фалакӣ буданд, қалъаро диданд, хароб карда, аҷаб доштанд. Чун порае роҳ биёмаданд, куштагон диданд бар ҳам афканда ва дар миёни куштагон бармегаштанд ва назора мекар- данд, ки ногоҳ нолае шуниданд. Пеши он шахс омаданд, ӯро бипурсиданд ва ҷавоб намедод. Ӯро бознишонданд. Об хост. Об доданд, то андак моя рамаке ба вай омад 1. Гуфтанд: «Шуморо аз баҳри чӣ бикуштанд ва қалъаро чӣ гуна хароб карданд?» Мард гуфт: «Самаки айёр кард, ки Маҳпариро аз қалъа бибурд ва қалъаро хароб кард ва ин қавмро бикушт...» — Ин бигуфт ва бимурд.

ПАС чӯпонон меомаданд, то бар дари сарои шоҳ. Ҳо- чибонро маълум карданд ва шоҳро хабар доданд. Би- фармуд, ки «Ишонро дароваред». Ҳоҷибон биёмаданд ва ишонро ба боргоҳ оварданд ва пеши тахти шоҳ би- доштанд. Гуфтанд: «Эй шоҳ, аз қалъаи Фалакӣ нишене намондааст ва ба замин ҳамвор кардаанд». Арманшоҳ саросема шуд ва мадҳуш гашт. Соате буд, ба худ омад. Гуфт:
— Шуморо чӣ гуна мазлум шуд ва ин кор кӣ кард?

Чӯпонон аҳвол, ки аз он мард шунида буданд, боз- гуфтанд. Арманшоҳ ғамнок шуд. Қизилмалик пушти даст ба дандон биканд аз қаҳру ғам. Паҳлавонон ҳама дилтанг шуданд. Меҳрони вазир гуфт:
— Эй шоҳ, донам, ки Самак на аз он мардон аст, ки бо вай ин муомила шояд кард. Чора он аст, ки ҳамаи бан- диёнро сиёсат кунем, то аз ту саҳме 2 дар дили ишон ояд.

Шаҳрони вазир марде оқил ва ҳунарманд буд. Гуфт:
— Эй шоҳ, зинҳор то ба гуфти Меҳрони вазир ҳеҷ кор накунӣ, ки ба оқибат пушаймон шавӣ. Номи худ зишт магардон, ки ҳеҷ подшоҳ ин накунад. Ҳамаи бандиёнро бо хилъат бозфирист ва Ҳурмузи Келро бозфирист, ки аз куштани ишон ҳеҷ ба ҳосил наёяд, магар номзиштӣ. Дигар, ду шоҳ чун шумо дар маърази якдигар нишаста, аз расул фиристодан ногузир бошад. Агар ту расулони ишон қаҳр кунӣ, расули ту он ҷо шавад, ба ҷон амон надиҳанд ва кина дар дилҳо зиёдат шавад.

Чун Шаҳрони вазир ин бигуфт, Арманшоҳ фурӯ монд, аз ғаму қаҳр нахост, ки ишонро раҳо кунад. Аммо мас-

1 Яъне: андаке ҷон гирифт.
2 Саҳм — бим, даҳшат.
3 Маъраз — ҷой, мақъад.

пешина
аз 283
навбатӣ