Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
ба ту овардам, то маро нигоҳ дорӣ. Ба зищори ту омадам. Ҷавонмардӣ кун ва маро нигоҳ дор». Сурхи Кофар гуфтори маро бовар дошт. Гуфт: «Акнун пеши ман мебош ва хизмат мекунӣ. Кому ноком дар хизмати вай истода. Акнун муҳдати як сол аст ва ҳеч гуна аз дасти вай наметавонистам растан ва аз бисӯрии мазаллат, ки бо духтари шоҳ мекунад, маро дил дард гирифт. Ба ҳеч гуна бо Сурхи Кофар чизе наметавонистам кардан, ки азҳм дар кори худ бедор буд. Чун шароб хӯрдӣ, маро барбасти. Ман оҷиз монда будам. То дӯш биёмад ва дар духтари шоҳ оҷат. Гуфт: «Муроди ман бидеҳ, ки лашкар бо Сиёҳабр омадаанд. Гурӯҳе куштам ва гурӯҳе ба ҳазимат рафтанд.» Ва ман чун шунидам, хуррам шудам, ки паҳлавон расидааст. Нигоҳ медоштам, то фурсати вақт ба даст овардам. Сурхи Кофар ба шароб хӯрдан бинишаст ва маро барбаст. Ман худ ба ҷаҳд дасту пой бикшодам. Ӯро дидам, шароб мехӯрд. Омадаам, то туро хабар кунам ва ӯро даст баста ба ту супорам, ки беҳтар аз ин нахоҳад буд.
Сиёҳабр номи Алали ҷосус шунида буд, ки маъруф буд. Сухани ӯ бовар дошт. Бархост, ки бо Самаки айёр биравад. [Самак] ӯро гуфт:
— Эй паҳлавон, даҳ-понздаҳ мард бо худ биёр, ки ба кор бояд, то ишонро дар сари дара биниишонем ва мо ҳар ду дар дара равем. Чун ӯро барбабилем, ман биёйму ишонро хабар диҳям, то роҳ наздик бошад ва он мол ки ниҳодааст, баргирем, ки фаровон ба ҳам овардааст.
Ва Моҳонаро бо Сурхи Кофар берун оварем.
Сиёҳабр бист мард аз хоссагёни хеш бо худ биёвард ва ҳамроҳи худ кард, то ба осмёни панҷум расид. Самак фармуд, ки ду-се тан ин ҷойгоҳ бибояд будан. Дар ҳар ҷое мардон ду-се менишоиданд. Самаку Сиёҳабр рӯй ба роҳ ниҳоданд, то бад-он сангҳо расиданд, ки силеҳ пӯшида буданд. Сиёҳабр гуфт:
— Эй Алал, ман пиндоштам, ки ин сангҳо мардона
панд
Самак ҷавоб дод, ки
— Эй паҳлавон, ҳама сангдост, ки Сурхи Кофар ба пой бидоштааст, то ҳар ки бинад, пиндорӣ, ки лашкар аст.
Самак пеши сангҳо омад, силоҳ боз кард, то Сиёҳабр
бағшал ва аз он сангҳо бигузашт. Ин рӯй гаргашта
бӯд, ки баробари зайча расиданд

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо