Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
чунин рӯз пеш ояд. Бо ин ҳама дигар, он модару духтар бо ту чӣ карда буданд, ки эшонро бикуштӣ? Агар ман туро ба аломате накушам, ки ҷаҳониён ибрат гиранд ва то ҷаҳон бошад, ба дастонҳо бозгуянд, ман на Самакам.
Ӯро ба ҷой бияфканд ва чандон лагад зад, ки ҳафт аъзои вай шох1 кард ва ӯро аз марди бибурд. Сурхи Кофар фарёд мекард. Самак ӯро мезад, то беҳуш гашт. Ва ӯро раҳо кард. Гуфт:
— Эй Моҳона, ӯро нигоҳ дор, ки ман бираваму Сиёҳабрро биёварам.
Моҳона гуфт:
Эй паҳлавон, ман танҳо чӣ гуна бувам2 дар пеши Сурхи Кофар? Ва Сиёҳабрро чӣ гуна биёварӣ? Дер гоҳ аст, имшаб натавонӣ омад ва ман танҳо ин ҷойгоҳ битарсам.
Самак гуфт:
— Ту бишинӣ ва назора мекун, ки ман зуд бозоям на Сурхи Кофар на чунон аст, ки ба як ҳафтан дигар ба худ ояд.
Ин бигуфт ва аз хайма берун омаду рӯй ба роҳ ниҳод. Чун бод аз дара берун шуд ва бар асби Сурхи Кофар савор шуд ва аз оспҳо ҷумла бигузашт ва дар дара омад. Лашкари Сиёҳабр ӯро бидиданд, ки аз дара берун омад. Гуфтанд:
— Ту кистӣ ва аз ин дара чӣ гуна ба зер омадӣ?
Гуфт:
— Маро пеши паҳлавон баред, ки бо вай сухане дорам.
Бурданд пеши Сиёҳабр. Пиёда гашт ва хизмат кард. Сиёҳабр гуфт:
— Ту кистӣ?
Забон баркушод ва гуфт:
— Эй паҳлавон, манам Азали ҷосус. Арманшоҳ маро фиристодааст, то яке эҳтиёт кунам ва ҷойгоҳи Сурхи Кофар бибинам, ки чӣ гуна аст. Чун биёмадам ва дар дара мерафтам, роҳ душвор буд. Танҳо наметавонистам рафтан. Ногоҳ Сурхи Кофар маро бидид ва бигирифт, ки «Кистӣ? Магар ҷосуси аз Арманшоҳ?» Зиндор хостам.
Гуфтам: «Эй паҳлавон, ман аз куштан гурехтаам ва аз биёбони Хурчон омадаам. Коре аз дасти ман бармаёяд.1 Якеро куштам ва ҷойгоҳе натавонистам рафтан. Паноҳ
1 Шоҳ — пора:
2 Бувам — бошам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо