Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Моҳона дилтанг буд ва нишаставу чашм дар роҳ ниҳод.
То Сиёҳабр биёмаду ин хайма диду он маргзор бад-он хушӣ, бо худ гуфт: «Некӯ ба даст овардааст. Мо ҳаргиз ин ҷойгоҳ надидаем».
Самак гуфт:
— Эй паҳлавон, ту ин ҷо бинишин, то ман бираваму нигоҳ кунам, ки Сурхи Кофар хуфтааст ё не, то моро ранҷе нарасад. Ва дигар Моҳонаро бигӯям, ки Сиёҳабрро овардам, то Сурхи Кофарро бибарад. Ва натарсад, то ӯро бикушоям ва бо мо ёр бошад.
Сиёҳабр гуфт:
— Раво бошад.
Пиёда гашт ва дар гӯшае бинишаст, Самак низ пиёда шуд ва ба хайма даромад. Сурхи Кофарро дид, беҳуш. Самак чун мерафт, беҳушона дар гулӯи вай рехт.
Моҳона бар болини Сурхи Кофар бинишаст ва ҳамаи андоми вай харошидаву ҳамаи сиблати вай канда. Чун Самакро бидид, хуррам шуд. Гуфт:
— Эй паҳлавон, коми ту баромад?
Самак гуфт:
— Эй малика, Сиёҳабрро овардам ва бар дари хайма бинишондам.
Моҳона аз хайма нигоҳ кард. Сиёҳабрро дид. Гуфт:
— Эй Самак, мардиву ҷавонмарди дар ҷаҳон туро мусаллам аст. Бо вай чӣ хоҳӣ кардан?
Гуфт:
— Эй малика, ин табаки ҳалво баргиру берун бар ва пеши вай неҳ ва хизмат куну ҳеҷ биме мадор, ки туро аз ин ҷойгоҳ мебарам, ки ин корҳо бисёр афтад. Бигӯй: «Эй паҳлавон, яздон туро ёр бод, чунон ки ба фарди ман хоҳӣ расидан ва дигар он мард, ки хизматгори Сурхи Кофар аст, ки чунон кор аз вай равшан шуд». Ва табак пеши вай бинеҳ ва замоне пеши вай бар пой бош, то чун ҳалво хӯрад, беҳуш шавад, ӯро дарбандему биравем, ки рӯзгор меравад.
Моҳона гуфт:
— Раво бошад.
Бархост ва ҳалво ороста карду медошт. Табак бар даст гирифта чун ба хизмати вай бурд, бар вай офарин кард. Ҳалво пеши Сиёҳабр биниҳод, гуфт:
— Эй паҳлавон, чун бувад, ки шуморо аз ман ёд
1 Сиблат — бурут, мӯйлаб

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо