Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

боздоштанд бо Сиёҳкелу Сом, ва дигареро дорад, ки аҳволи вай бар мо пӯшидааст. Ҳама бифиристад, то ҳам аз ин ҷо бозгардем ва ба вилояти худ бозшавем ва беш аз ин теғи кина барнакашем, то хуни халқ рехта нашавад. Ва дигар, донад, ки аз рӯзгори Каюмарсу Чамшед ва подшоҳони қадим, ки дар ҷаҳон буданд, баъд аз ишон то бад-ин ғоят золиму одил — ҳеҷ расуле бознагирифтаанду бознадоштаанд. Бояд ки чун навиштаро мутолаа фармояд, дарҳол Хурдасби Шайду ва паҳлавонони дигарро бозфиристад ва агар на, ба яздони додори кирдигор, ки ин шафақат аз миён бархезад ва чунон созам, ки хоки вилояти Мочин ба пушти чаҳорпоён ба вилояти Ҳалаб барам. Он чӣ мегӯем, некӯ донад, ки бикунем. Беш аз се-чаҳор мард нестанд, ки дар банд боздоштааст. Ба тарки ишон бигӯем ба ивази ҳар яке аз ишон даҳ ҳазорро аз шумо бикушем. Он чӣ буд, маълум кардам, то дониста бошед. Вассалом».
Чун нома тамом кард, бар шоҳ хонд. Пас гуфт:
— Кӣ ин нома пеши Арманшоҳ барад ва ҷавоб бозоварад?
Ҳурмузи Кел бархост, гуфт:
— Ин нома бибарам ва ҷавоб бозоварам.
Шоҳ нома бар вай дод. Ҳурмузи Кел бар пой хост бо дувист савор, рӯй ба роҳ ниҳод, то ба шаҳр омад.

Аммо муаллифи ахбор чунин гӯяд, ки чун Ҳурмузи Кел бирафт, Хуршедшоҳ ба хаймаи занон омад ва аз Маҳпарӣ талаби висол кард. Маҳпарӣ хизмат кард ва гуфт:
— Эй бузургвор шоҳзода, шарт нест бад-ин нопок будан ва кори ношоиста кардан ва бар хато вуслат ҷустан. Ман бо туам. Нома фирист ва падари маро бозгуй, биёяд ё валиаҳд 1 фиристад, то моро баҳам созад, чунон ки шарт аст.
Хуршедшоҳ ин бишнид, пеши Ҳомони вазир омад ва бозгуфт. Ҳомони вазир гуфт:
— Фармонбардорам ва чунин мебояд, ки Маҳпарӣ мегӯяд. Пас давету 2 қалам хост, нома навишт.

1 Валиаҳд — ҷойнишин, ин ҷо ба маънии вакил.
2 Давет — давот.

пешина
аз 283
навбатӣ