Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
«Аз Хуршедшоҳ, ба боргоҳи падари бузург, ФАҒФУРШОҲ — подшоҳи вилояти Чин. Бидонад, мани фарзанд ба ҷанги хасм камар бастам, бо ишон, чунон ки маълум аст. Ва ҳам дар рӯз худро ба сипоҳи душман задам ва ҳамаро қаҳр кардам, то ба ғояте, ки ҷуз фарзанди Арманшоҳ — Қизилмалик, ки бо даҳ савор ба ғазимат бирафтанд, боқӣ ҳалок шуданд ва чун аз сипоҳи душман фориғ шудем, кас фиристодем, ки Маҳпариро аз қалъаи Шоҳак биёварем ва ба хидмати шоҳ оем. Маҳпариро аз он ҷо ба талбис 1 бурда буданд ва ба қалъаи Фалакӣ расонида.
Паҳлавони ҷаҳону айёрпешаи замон ва мушфику бародар Самак рафт ва қалъаи Фалакӣ ба даст овард ва Маҳпариро ба ман расонид пеш аз он ки қалъа хароб кард.
Акнун ин фарзанд таманнои висол дорад ва мехоҳад, ки шумо мӯътамаде аз они худ валиаҳд кунед ва бифиристед. Ва ҳарчанд зуд ба расму қоидаи гузашта моро ба ҳам расонад, то аз ҷаҳон баҳра бардорем, ки расул ба Арманшоҳ фиристодаам, то бандиён бозфиристад. Мунтазир мебошам, то ҷавоб чӣ хоҳад додан ва ҳарчӣ зудтар бошад, маълуми шоҳ кунем».
Номаро мӯҳр барниҳод ва пеши Хуршедшоҳ ниҳод.
Шоҳзода Сураи Ҳалабиро бихонд ва нома ба вай дод ва гуфт:
— Нома ба шаҳри Чин мебояд бурдан ва ба дасти шоҳ Фағфур додан ва ба таъҷил мебояд рафтан. Ва агар чӣ ту роҳ нек донӣ рафтан, аммо ба ҷаммоза 2 мебояд рафтан, то туро ранҷ камтар бошад. Зуд бозгардӣ ва ҷавоби нома бозоварӣ.
Сураи Ҳалабӣ хизмат кард ва гуфт:
— Фармонбардорам. — Ба канори шутурон омад ва аз миёна ҷаммозае баргузид 3. Барнишаст ва рӯй ба шаҳри Чин ниҳод.
Аз ин ҷониб ҳақ таъоло тақдир кард, ки Ҳурмузи Кел бо он лашкар дар шаҳри Мочин омад бо хидматгорон.
1 Талбис — фириб, ҳила.
2 Ҷаммоза — шутури тезрафтор.
3 Гузидан — интихоб кардан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё