Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ӯро баргиред ва бибаред.
Пас ба ду-се тан Тармашаро баргирифтанд ва ба ҳарам бурданд. Ишон бозгаштанд.
Ҳақ таоло тақдир кард, ки ходим Тармашаро баргирифт, то бар бом барад, ки ногоҳ пои ходим аз ҷой баромад ва ҳар ду бияфтоданд, ходимро даст бишкасту Тармашаро гардан. Ходим фарёд баровард, ки «Аз шумии ин ҳаромзода маро даст бишкаст». Би омад ва чанд лагад бар гардани Тармаша фурӯ кӯфт, Тармаша худ дар назъ 1 буд, бемуроди хеш бимурд. Ин аҳвол бо шоҳ бигуфтанд. Шоҳ аҷаб фурӯ монд. Гуфт: «Бингар, ки чӣ гуна корҳо падидор омад».
Кори Тармаша чунон афтод ва Самак бо дигарон дар сарои ду бародарони қассоб фурсати вақт нигоҳ медошт, то чӣ гуна кунад, ки бандиёнро аз банд берун оварад.

Муаллифи ахбор ва ровии қисса чунин гӯяд, ки Хуршедшоҳ бо Маҳпарӣ ба лашкаргоҳ омаданд. Ҳомони вазир пазира 2 бозомад ва хизмат кард. Ба дидани Маҳпарӣ хуррам шуд ва ҳамаи лашкар бо нишот буданд, то шоҳ ба боргоҳ даромад. Ҳомони вазир гуфт:
— Эй шоҳзода, чун Маҳпарӣ бозрасид, нома навиштан воҷиб аст ба Арманшоҳ ва бандиён бозхостан то бозфиристад ва ин адоват аз миён бархезад; ва азми рафтан кунем, ки падари бузургвор — Марзбоншоҳ интизор мекунад ва агар мо дер гардем, бешак ӯ рӯй ба ин ҷониб ниҳад ва ранҷи қавӣ бошад.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Чанд навбат гуфтам, ки он чӣ маслиҳат аст, мекун, ки кор туро мебояд кардан.
Ҳомони вазир дарҳол нома ба наздики Арманшоҳ навишт ва бознамуд, ки:
«Бидонад ва огоҳ бошад, ки омадани моро бар ин вилоят сабаб Маҳпарӣ буд. Бо ин ҳама ғуссаву ранҷ, ки моро буду дигаронро, аз ҷумла сад ҳазор одамӣ дар хок шуд ва адовати фаровон падид омад, ин кина аз дил барнахезад. Нек бингар, ки салоҳе падид ояд. Ва бо ин ҳама Яздон Маҳпариро ба мо арзонӣ дошт. Расуле фиристода будем,

1 Назъ — ҳолати ҷонканӣ.
2 Пазира — пешвоз, истиқбол кардан.

пешина
аз 283
навбатӣ