Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
қассоб омаданд. Сарои хуш буд ва фароху бузург ва оби равону дар зери замин ҷойгоҳ сохта. Дарҳол ду барода-рон ишонро темор 1 доштанд. Пас аҳволи гирифтани Хурдаспи Шайду ва Сиёҳкелу Сом ва падид омадани Беҳзоду хароб кардан — ҳама шарҳ дод. Самаки айёр гуфт:
— Бандиён куҷоанд?
Гуфтанд:
— Дар сарои шоҳ.
Гуфт:
— Раво бошад.
Пас, чун шаб даромад, забони Тармаша бибурид ва ба Сурхвард гуфт, ки:
— Инро баргир ва дар миёни бозор бару бияфкан.
Сурхвард Тармашаро биёвард ва дар миёни бозор бияфканд.
Ҳақ субҳона ва таоло тақдир кард, ки асас 2 мегу-зашт, якеро диданд дар миёни бозор афканда. Рӯшноӣ биёварданд, то бингаранд, ки кист. Тармашаро диданд дасту пой баста ва менолид. Ӯро бикшоданд. На чашм дошт на гӯш ва на забон, дандонҳои вай шикаста. Ӯро баргирифтанд ва ба ҷойгоҳ оварданд, то рӯз равшан шуд. Ӯро ба боргоҳи Арманшоҳ оварданд. Арманшоҳ пурсид, ки:
— Ин кист?
Гуфтанд:
— Эй шоҳ, Тармаша аст.
Шоҳ гуфт:
— Ӯро чӣ расидааст?
Ҳолҳо бо вай бигуфтанд. Арманшоҳ дар он кор фурӯ монд. Меҳрони вазир гуфт:
— Эй шоҳ, аз чунон мард бибояд тарсид, ки чунин корҳо мекунад.
Тармаша менолид ва ба сару даст ишорат мекард. Ҳамгинон аз баҳри ӯ ғам мехӯрданд. Овоза дар сарой афтод, ки бо Тармаша чунин аломате кардаанд, ки ногоҳ аз ҳарам пеши шоҳ омад ходиме ва хидмат кард. Гуфт:
— Эй шоҳ, Тармашаро аз ҳарам мехоҳанд, то бинга-ранд, ки бо вай ин муомалат кӣ кард ва чӣ карданд.
Шоҳ гуфт:
1 Темор доштан — ғамхорӣ кардан, пос доштан.
2 Асас — миршаб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё