Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

аз тағӯра бияфканд ва бар панҷ Сурхи Кофар бирафт. То бирасиданд ба дарае, ки роҳ беш аз он набуд, ки як тан бигузарад. Марде пайҷох истода, силоҳҳои тамоми пӯшида. Самак бирасид. Гуфт: «Ин ҳама лашкар аз куҷо овард? Роҳ набошад рафтан». Қавоми ҳоли ишон бармегирифт, ҳеҷ ҳаракате аз ишон намедид ва Самак беш аз ишон надид. Пеш омад, даст бар яке ниҳод, санг дид бар мисоли манорае. Ҳамчун одами бардошта буд бо силоҳҳои тамоми, то ҳар ки бинад пиндорад, ки мардони босилеҳанд.

Самак он ҳама бидид, бозгашт. Гуфт: «Вақти рафтан нест, то коре бисозам ва бо лашкар коре тавонам кардан, ки коре ба ҳар гуна барояд: бинигарам, ки ин лашкар худ чӣ месозанд». Ин маъни бо худ мегуфт, то бо Сиёҳдаро омад.

Бозомадаст ба ҳадиси Сиёҳабр. Чунин гӯид муаллифи ахбор: Аз он ҷониб чун Сиёҳабр бар худ гирифт, ки ба дараи Кӯҳи Сиёҳ равад аз баҳри Сурхи Кофару Мохона, шоҳ ӯро дуо гуфт. Сиёҳабр ба ҷойгоҳи хеш боз омад, тартиби роҳ кард. Чаҳор ҳазор мард баргирифт, рӯй ба роҳ ниҳод, то ба биёбони дараи Хурҷон расид. Мардуми биёбон истиқбол карданд ва ӯро ба хуррамиву нишот фуруд оварданд. Сиёҳабр аҳволи Сурхи Кофар пурсид. Гуфтак:

— Эй паҳлавон, ба дараи Кӯҳи Сиёҳ рафтааст ва осиҳо ба даст фурӯ гирифтааст.

Сиёҳабр дарҳол сад мард бигирифт. Гуфт:

— Бинигарем, бидонем, то чун мебояд кардан ва ҷойгоҳи лашкар чун аст.

Сиёҳабр бо сад мард ба дара омаданд. Нигоҳ карданд, он сангҳо диданд силоҳ пӯшидаву истода. Пиндоштанд, ки мардонанд наъра заданд. Сурхи Кофар овози ишон бишунид, наъра зад. Дар роҳ омаданд. Он силоҳ диданд. Ҳар санге, ки мезад, якеро меафканд, то аз он сад мард чиҳил мард бияфканд. Боқи ба ҳанимат шуданд. Сурхи Кофар аз дунболан ишон мерафт ва меафканд.

Самак ду рӯз буд, то дар он осиё гирифтор буд. Самак гуфт, «Вақти кори ман омаде. Бархосту рӯй ба роҳи дара ниҳод. Чун бод аз он сангҳову роҳҳо бигузашт. Ба инёни дара расид. Маргзоре дид хуррам, хуштар аз боғи Ирам Ҳаймае дид аз атласи сурх, мурассаъ ба ҷавохир

пешина
аз 283
навбатӣ