Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
ия Самак маро раҳо накард ва бо ҳул биёвард. Агар шоҳ дастури фармояд, банда биравад.
Самак бонг бар вай зад. Гуфт:
— Акнун ба дастури худро дар ҳалок афкан. На туро гуфтам, ки талабкори ин кор мабош? Агар ниҳени ин кор ба даст шоисти кардан, ман аз ту беҳтар тавснистаме овардан.
Шоҳ пурсид, ки:
— Чист?
Самак аҳволи дарбанди оҳанин ва гирифтор шудани Рӯзафзун ду навбат ва овоз шунидан аз он дарбанд — ҷумла бо шоҳ бигуфт. Шоҳ гуфт:
— Эй Самак, ман низ ҳавасе дорам, ки бибинам, ки дар он дарбанд кист. Агар тавонистаме рафтан, ман бирафтаме.
Шағоли Пилзӯр гуфт:
— Эй шоҳ, чун Самак аз ин ҷониб биравад, ман бо Рӯзафзун биравам ва рози он банд бидонам.
Самак ҳеҷ натавонист гуфтан, аз баҳри он ки устод буд. Самак гуфт:
— Эй паҳлавони ҷаҳон ва эй айёри гетӣ, Рӯзафзун бебок аст ва бар ҷони худ раҳмат намекунад. Думболаи коре гирифтааст, ки берун омадан аз он кор душвор аст. Ва ман туро натавонам гуфтан, ки бад-ин кор марав, ки ҳазор тилмизи 1 чун ман дорӣ ва дигарон чора аз ту омӯзанд. Аммо зинҳор то ба гуфтору кирдори Рӯзафзун кор накунӣ, ки бад-он кор ранҷе пеш расад ва мо бад-он дилтанг шавем, ки ту он кор надидай ва надонӣ чӣ гуна аст. Агар чунон аст, ки ту хоҳӣ рафтан, хештанро нигоҳ дор ва эҳтиёт кун. Туро худ набояд омӯхт.
Шағол гуфт:
— Рӯзафзун дидааст, ӯро пеш дорам, то далел 2 бошад.
Ин бигуфтанд ва пароканда шуданд. Аз ин сухан даргузаштанд.
Шағоли Пилзӯр ба ҷойгоҳи хеш бозомад ва Рӯзафзунро бихонду аҳволи дарбанд аз ӯ бозпурсид. Рӯзафзун чигунагии дарбанд ҳама шарҳ дод. Шағол ҳар чӣ намедонист, мепурсид.
Аз он ҷониб Самаки айёр пеши Хуршедшоҳ истода ҳиссаҳои гузашта бозмегуфт ва бар марги Фаррухрӯз
1 Тилмиз — шогирд; 2 Далел — роҳбар, роҳнамоидеҳ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо