Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ва танобҳо аз абрешими хом бо меҳкори заррин дар замин устувор карда ва камаре аз зари сурх ҳам мурассаъ ба ҳаволии он гирифта ва ҷоҳе зар аз зери хайма ва болои хайма бидошта. Самак аҷаб дошт. Гуфт:
«Хаймае чунин аз куҷо ба даст овард бо ин ҳама соз?»
Самак ба дари хайма омад, нолаи Моҳона шунид. Мегуфт: «Эй бахти баргашта ва эй давлати рамида ва эй чархи номусоид ва эй рӯзгори ворун¹, аз мани бечорагу мискин чӣ мехоҳӣ? Чӣ кардаам, ки насиби ман ҳама балоигу меҳнат аст? Як рӯз аз худ шод набудам ва нафасе ба коми дил назадам. Чӣ бахтеву толеъе ки марост? Чӣ гӯям? Модар куштаву доя сар аз тан бурида ва Дурдонан хазонадор ва ғамхору роздори ман кушта ва Дилоромро ҳалок карда ва ман дар банду бало афтода.

Эй падари ман, чаро беҳамҷиятӣ пеша гирифтӣ ва ба якбора туро ному нанг нест? Он подшоҳии ту аз барои чист? Эй Қизилмалик ва эй бародари азиз, намегузоштӣ, ки бод бар сарам бивазид. Ва акнун дар дасти Сурхи Кофар гирифтораму дар дараи Кӯҳи Сиёҳ мебошам, то маро расвою бофазеҳат ² кунад. Эй дарсго паҳлавонии шумогу масоф кардани шумо.

Эй паҳлавони Самак, ишонҳо ҳамният нест, туро чӣ расид? Ба ҳаққи диду шинохт, ки маро аз ин бало наҷот деҳ ва аз дасти ин ҳаромзода берун овар. Ҳама он донисти, ки маро аз сарою қошона берун овардӣ, аз чунин ҷойгоҳ берун бояд бурдан, то туро номе бошад.
Лекин ба фарёди ман рас. На ҳама касе коре кунанд, аз баҳри дили худ кунанд. Аз баҳри яздон коре бикун ва маро аз дасти ин ҳаромзода берун бар, ки бими он аст, ки девона шавам».

Дигар мегуфт, ки: «Самак аз ман чӣ хабар дорад ва ин чӣ сухани беҳуда аст? Ва агар хабар дорад, кист маро, ки ғамхори ман бошад? Чун падару бародари ман ғамхори ман нестанд, Самаки бегона ғамхорагии ман мекунад?»

Аз ин навъ мегуфт ва мегирист, ки «Яздон мукофоти падару бародари ман бозкунад! Чӣ тавонам кард?» Аз бисёрӣ, ки мегуфт, Самакро тоқат бирасид, дар хайма шуд. Гуфт:

1 Ворун — баргашта;
2 Фазеҳат — расвоӣ, беобрӯй, шармандагӣ.

пешина
аз 283
навбатӣ